Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Туркия то соли 2028. Тағйири ҷиддие хоҳад шуд? ВИДЕО


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Дар интихоботи президентии Туркия шахсеро баранда эълон карданд, ки камаш бист сол боз лаҷоми ҳукуматро ба даст дорад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғони 69-сола дар гузашта сарвазир буд ва чанд соли охир раиси ҷумҳурии Туркия. Натиҷаҳои интихоботи 28-уми май ба ӯ иҷоза медиҳанд, ки то соли 2028 дар қудрат бимонад.

Пирӯзии ӯро раҳбарони чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон табрик гуфтанду “ҳосили эътимоди мардум” ва натиҷаи “корҳои созандааш” номиданд. Нозирони байнулмилалӣ аз набудани баробарӣ дар интихобот шикоят карданд. Маъракае, ки номзади мухолифон, Камол Қиличдороғлу, ҳам ноодилона хонд.

"Як хатар ҳаст, ки..."

Ба ин монанд назари коршиносону сиёсатшиносон дар Тоҷикистон ба интихоботи Туркия ва мондани Эрдуғон дар қудрат яксону ҳамвор нест.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бо пирӯзии дигарбораи Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар муносибатҳои Тоҷикистону Туркия тағйироти ҷиддӣ нахоҳад шуд.

Ҳарчанд раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикияш ба Эрдуғон ибрози умед кард, ки дар ин давра ҳамкориҳои Душанбеву Анкара беҳтар хоҳанд шуд.

“Як хатар вуҷуд дорад, ки дар давраи ҳукмронии Эрдуғон Созмони Кишварҳои Туркӣ фаъолияти худро зиёд кард, боқувват шуд. Дар ҷанҷоли Тоҷикистону Қирғизистон, ҳарчанд рӯйрост ҳам набошад, паҳподҳои худро ба Қирғизистон фурӯхт, онҳоро таълим дод. Туркия нишон дод, ки дар сурати бисёр тезутунд шудани муносибатҳо ҳатман тарафи ҳамзабонҳои худро мегирад. Бо ҳамин роҳ, тавозуни қувваҳоро дар минтақа тағйир медиҳад, ки ин боис ба таассуф аст,” – гуфт Абдумалик Қодиров рӯзи 29-уми май.

Таҳлилгари тоҷик дар идома Туркияро аз ҷумлаи кишварҳое номбар кард, ки рӯ ба диктатура овардаанд ва интихоботҳояшон ҳам шаффоф намегузаранд. Сиёсатшиноси наздик ба давлат Сайфулло Сафаров, баръакс, интихоботи Туркияро демократӣ арзёбӣ кард.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

“Ба сабаби заминҷунбӣ ва баъзе ҳолатҳои табиӣ дар Туркия мушкилиҳои зиёде барои ҷаноби Эрдуғон ба миён омада буд. Мардум шубҳа доштанд, ки ғалаба мекунад. Хушбахтона, интихобт ба таври демократӣ ва бо ғалабаи Эрдуғон анҷом ёфт. Ғалабаи Эрдуғон барои Тоҷикистон аз кадом ҷиҳат хуб аст? Аз он ҷиҳат, ки солҳо боз бо онҳо ҳамкориҳои хуб дорем," – афзуд ӯ.

Ташвиш аз фишор ба мухолифон

Дар интихоботи президентӣ дар Туркия шаш ҳизби мухолиф бо ташкили эътилофе Камол Қиличдороғлуро барои рақобат бо Эрдуғон ба майдон бароварданд. Дар даври аввали интихобот ҳарду натавонистанд ройи кофиро соҳиб шаванд ва маърака ба даври дувум кашонда шуд.

Баъзе аз коршиносон бовар доранд, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон баъд пас пирӯзӣ фаъолияти мухолифонро дар кишвараш маҳдудтар хоҳад кард.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз нуқтаи назари сиёсати дохилӣ. Вақте Эрдуғон 20 сол раҳбар буд ва боз ҳам раҳбариро бар уҳда дорад, ҷиҳати боз ҳам маҳдуд кардани фаъолиятҳои оппозитсионӣ шояд тадбирҳои фавқулода андешад. Ин хуб нест.”

Дар айни замон ба хулосаи Шокирҷон Ҳакимов, миёни Тоҷикистону Туркия мушкил ё муаммоеро намебинад, “бинобар ин, пирӯзии Эрдуғон барои кишвар бештар ҷиҳатҳои мусбат дорад”.

Корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳафтаҳо боз дар мавриди суду зиёни будан ё набудани Раҷаб Таййиб Эрдуғон баҳс доранд. Яке аз он ҳамчун раҳбари шинохтаи кишвари мусулмонӣ меболаду дигаре барои фаъолиятҳояш танқид мекунад.

"Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст. Аз ин нуқтаи назар як қишри ҷомеа ба он иқдомоти Эрдуғон дар роҳи тарғиботи арзишҳои исломӣ ба назари шубҳа менигаранд. Каме ҳам бошад, дар ин иқдомот хатареро мебинанд. Чун аксари мардуми Тоҷикистон мусалмонанд, онҳо бештар ба он қадамҳое, ки Эрдуғон дар исломикунонии Туркия мегузорад, ба як назари хайрхоҳона менигаранд,” -- шарҳ дод таҳлилгар Абдумалик Қодиров.

Видеоро дар инҷо бинед:

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба интихоби Эрдуғон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00

Туркия аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, молу маҳсулоти туркӣ зиёд хариду фурӯш мерасад.

Муносиботҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркия 29-уми январи соли 1992 барқарор шуда, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2021 ба бештар аз 390 миллион доллар расидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG