Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Истирдод ё одамрабоӣ аз Тоҷикистон? ВИДЕО


Иззатулло Дадабоев, Мирзонабии Холиқзод ва Шарофиддин Гадоев
Иззатулло Дадабоев, Мирзонабии Холиқзод ва Шарофиддин Гадоев

Тибқи гузоришҳо, дар чаҳор моҳи охир ду шаҳрванди Туркия дар Душанбе рабуда ва дар шароити мармуз ба ватанашон фиристода шудаанд.

Корай Вурал, мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен, ба гуфтаи наздиконаш, 16-уми сентябр аз сӯи шахсони ношинос рабуда ва як рӯз баъд ба Туркия бурда шуд.

Эмсал Коч, мудири собиқи маркази "Диалог" дар Душанбе, моҳи июли имсол дар Душанбе рабуда, дертар дар яке аз боздоштгоҳҳои Туркия аз худ дарак дод.

Суҳбати "Гапи Озод" дар ҳамин бора аст ва меҳмонони мо Иззатулло Дадабоев, муфаттиши пешини Раёсати корҳои дохилии Душанбе ва Шарофиддин Гадоев, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд.

Иқтибос аз барнома:

Иззатулло Дадабоев: Қатъномаи СММ аз 14-уми декабри соли 1990 уҳдадориҳои тарафҳоро дар мавриди истирдод мушаххас мекунад ва Тоҷикистон яке аз аъзои он мебошад. Бар асоси ин санад, ки Тоҷикистон онро эътироф мекунад, кишвар ҳақ надорад Корай Вуралро, ки аз соли 1994 дар Тоҷикистон зиндагӣ доштааст, ба Туркия диҳад. Ҳамин низомномаи СММ маҳкум мекунад. Бар асоси созишнома, шахси истирдодмешуда дар ибтидо барои 40 рӯз ба ҳабси мувақатӣ гирифта мешавад ва кишвари даъвогар санадҳоро пешниҳод мекунад, ки барои чӣ ӯро мехоҳад истирдод кунад.

Шарофиддин Гадоев: Бубинед Русия дар ҷанги Украина стратегияи иқтисодӣ ва дипломатию сиёсии худро аз даст додааст ва аз лиҳози иқтисодӣ заъиф шуд ва шаҳрвандони кишварҳое, ки зиндагӣ дорад кишварҳое интихоб мекунанд, ки ҳам амн бошад ва ҳам имкони хуби зиндагӣ. Аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон Туркияро интихоб ва дар ин кишвар диаспораҳо ташкил мекунанд. Вале ҳукумати Тоҷикистон диаспораҳоро ҳамчун мухолифқабул мекунад ва бо мусоидат дар рабудани шаҳрвандони Туркия, дар иваз мехоҳад афроди таҳти назарашро аз Туркия рабуда ба Тоҷикистон биёрад. Яъне ҳамин шеваи рабудани шаҳрвандон ва ё мухолифон, ки Тоҷикистон аз Русия дуздида меовард, ҳоло мехоҳад бо Туркия ин корро кунад.

Барномаро дар инҷо бинед:

Гапи Озод: Истирдод ва ё одамрабоӣ аз Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:05 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG