Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи Эрон дар Тоҷикистон


Намоишгоҳи Эрон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки "барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Душанбеву Теҳрон дигар ҳеч монеа намондааст". Вай ин матлабро рӯзи 23-юми декабр дар нишасти тоҷирони ду кишвар дар Душанбе баён кард. Тоҷикистону Эрон чаҳор соли ахир муносибати хуби иқтисодиву сиёсӣ надоштанд. Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон дар Тоҷикистон бори аввал дар чаҳор соли ахир, баъди ба сардӣ гароидани муносибатҳои миёни Душанбе ва Теҳрон, дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд. Рӯзи 23-юми декабр дар чаҳорчӯби баргузории ин намоишгоҳ нишасти тоҷирони ду кишвар, аммо умдатан бо ширкати бозаргонони эронӣ сурат гирифт.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG