Рамзия Мирзобекова, муаллифи мақолаи "Тафтиш ё инкивизитсия?" дар ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аст, ки маъмурони пулисро ба истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон муттаҳам кардааст.
Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин мақоларо "таҳвину бӯҳтон"-омез номида, барои ба шаъну шараф ва эътибори раёсаташ ворид шудани латма, 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб дорад.
Дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ, Анвар Тағоймуродов истифода аз шиканҷа ва зӯр алайҳи боздоштшудагонро дар ниҳодаш такзиб кард ва матолиби атрофи ин мавзӯъро кӯшишҳои заиф кардани пояҳои давлатдорӣ номид.
Аммо масъулини нашрияи "Азия-Плюс" мегӯянд, санадҳои катбиеро барои собит кардани истифода шудани шиканҷа ва бадрафторӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар даст доранд.
Даҳ рӯз пеш нашрияи "Азия-Плюс" низ ба додгоҳ даъвои муқобил пешниҳод карда, 15 ҳазор сомонӣ ҷуброн хоста буд.
Дар ин даъвои "Азия-Плюс" гуфта шудааст, ки муносибати хонандагони нашрия баъди ба додситонии кул ва вазорати корҳои дохилӣ даъват шудани масъулонаш тағйир хӯрда, ба эътибори кории ҳафтанома бетаъсир намонд.
Вале додгоҳ даъвои нашрияи "Азия-Плюс" алайҳи шикояти сардори раёсати Вазорати корҳои дохилиро рад кард.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бори аввал дар таҷрибаи додгоҳии Тоҷикистон миёни мақомот ва як расона баҳс бар пояи шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон ба миён омадааст.
Ин падидаҳо тайи солҳои ахир яке аз мавзӯъҳои доғи баҳс дар нишастҳои мақомоту фаъолони ҳуқуқи башаранд, ки дар расонаҳо низ инъикоси худро меёбанд.