Маркази адвокатураи "Сипар", ки дар он вакилони дифои боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов фаъолият мекарданд, барҳам хӯрд ва дар бинои он коллегияи адвокатҳо бо номи "Кафолат" ба фаъолият оғоз кард. Қаноатшо Ятимов, вакили мудофеъ ва узви собиқи адвокатураи “Сипар” рӯзи 5 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат маркази адвокатураи “Сипар” барҳам хӯрд ва ҳоло ҳар вакили мудофеъе, ки аз санҷиши тахассусии Вазорати адлия гузашт, дар адвокатураи “Кафолат” метавонад фаъолияти худро идома диҳад. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир дар дафтари собиқи "Сипар" адвокатураи "Кафолат" ба арзи муштариён расидагӣ мекунад.
Як намояндаи Раёсати сабти номи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлия рӯзи 5 май ба Радиои Озодӣ гуфт, барҳам хӯрдани маркази адвокатураи “Сипар” ба Вазорати адлия ҳеҷ рабте надорад, балки бо қарори Раёсати коллегияҳои адвокатураҳо, фаъолияти он ба анҷом расид. Аммо бархе аз вакилони мудофеъ мегӯянд, баъди боздошт шудани раҳбари "Сипар" Бузургмеҳр Ёров ва узви дигари ин ниҳод Нуриддин Маҳкамов, вакилони дигари ин адвокатура нахостанд бо номи “Сипар” фаъолияти худро идома диҳанд.
Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеъ мегӯяд, қаблан дар адвокатураи “Сипар” фаъолият мекард, вале баъди супоридани санҷиши вазорати адлия, ҳоло фаъолияти худро дар “Кафолат” идома медиҳад.
Вакили дифои маъруф Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҳаққи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд. Аввал кормандони пулис рӯзи 28 сентябр ба дафтари “Сипар” ворид шуда, санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзатро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват кардаанд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад. Ӯ то ба ҳол дар боздошт ба сар мебарад ва мурофиаи додгоҳии ӯ чанд рӯз пеш оғоз шуд.