Сарвазири Покистон, Навоз Шариф, як рӯз баъди ҳамлаи марговари Толибон ба мактаб, ки дар он зиёда аз 140 нафар кушта шуд, ҳукми қатлро барои парвандаҳои марбут ба терроризм эҳё кард. Вай ҳамчунин сарону намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Покистонро, ки дар порлумон ҳузур доранд, ба ҷаласаи фавқулода хонд ва дар он ба муборизаи муштарак бо терроризм даъват намуд.
Ин дар ҳолест, ки аз соли 2008 ба ин сӯ дар Покистон нисбати иҷрои ҳукми қатл дар ин кишвар моратория эълон шуда буд. Бо вуҷуди ин таҳрим додгоҳҳои Покистон ҳукми қатл низ мебароварданд, вале иҷрои он ба таъхир гузошта мешуд. Тасмими нави Покистон дар ҳоле гирифта мешавад, ки сарони кишварҳои гуногун ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳамлаи ситезаҷӯёни исломиро ба мактаб дар Пешовар шадидан маҳкум карданд.
Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи номае ба Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, фоҷиаи рӯзи сешанбе дар як мактаб дар шаҳри Пешоварро, ки сабаби кушта шудани 141 нафар, аз ҷумла 132 мактабхон шуд, тасаллият гуфт.
Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омдаааст “бо даҳшату ғазаб ва дарду андӯҳ хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, дарёфт намудам. Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод. Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дӯстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед».
Кишварҳои дигари ҷаҳон низ ҳамлаи маргбор ба ин мактаби мутаалиқ ба артиши Покистонро маҳкум карданд. Ҳукумати Амрико бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳамлаи “ваҳшатнок” дар шаҳри Пешоварро маҳкум мекунад ва ҳамчунон аз талошҳои Покистон барои “маҳви ифротгароӣ ва терроризм” ҳимоят хоҳад кард.
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, “куштани кӯдакони бегуноҳ, мухолифи фармудаҳои ислом аст.” Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамла ба мактаби Пешоварро “разилона” номид ва гуфт, кишвараш омода аст, дар мубориза бар зидди терроризм ба Покистон кӯмак расонад. Франк Валтер Штенмайер, вазири умури хориҷии Олмон хунрезӣ дар мактабро башиддат маҳкум кард. Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз Покистон гуфт, ки аз ин амали “бераҳмона ва хунсардонаи террористӣ” дилшикаста шудааст. Айни замон Навоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 16-уми декабр қавл дод, ки то замони решакан кардани терроризм дар кишвараш, амалиёт алайҳи Толибонро идома хоҳанд дод.
ҚАТЛИ ОМИ МАКТАБХОНҲО ДАР ПЕШОВАР
Дар ҳамлаи Толибон ба як мактаб дар шаҳри Пешовари Покистон 141 нафар нафар, аз ҷумла 132 кӯдак кушта шудаанд. Худсолтарини кушташудаҳо 9-сола буда, ҷунбиши Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Нерӯҳои амниятии Покистон ин мактабро ба муҳосира гирифтаанд ва ҳамоно аз дохили он садои тирандозӣ ба гӯш мерасад.
Сарвазири вилояти Хайбар-Пахтунхва Парвиз Хаттак гуфт, собит шудааст, ки 130 нафар кушта шудаанд ва 122 кӯдак захмӣ гаштаанд. Хаттак гуфтааст, дар нимаҳои субҳи рӯзи 16-уми декабр 10 марди мусаллаҳ вориди мактаби оммавӣ ва коллеҷи ҳарбӣ шуда, тирандозӣ кардаанд.
Як хонандаи синфи 10, ки худро Ибод номид, гуфт, худаш дидааст, ки даҳҳо нафар аз ҳамдарсонаш кушта шуданд: "Соат даҳуними саҳар буд ва мо барои аввалин дарси сарҳанги артиш ба синфхона даъват шудем. Вақте мо дохил мерафтем, тирандозӣ сар шуд ва мусаллаҳон ба синфхона даромаданд. Онҳо бисёре аз донишҷӯёнро паронданд. Ман кушта шудани 40 то 50 нафарро дидам ва ҳам дидам, ки сарҳангро дар пеши чашмони мо паронданд."
Сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП), ки худро Муҳаммади Хуросонӣ муаррифӣ намуд, ба бахши покистонии Радои Озодӣ гуфт, ин ҳамла дар посух ба амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Вазиристони Шимолӣ баргузор гаштааст.
Ҳарбиёни Покистон мегӯянд, аз оғози амалиёти махсус дар ин минтақа дар моҳи июни соли равон зиёда аз 1100 ситезаҷӯи исломиро нобуд карданд. Ин нерӯҳо зидди тундгароён аз ҳавопаймоҳо, тӯпхона ва мушакандозу хумпора истифода мебаранд.
Сарвазири Покистон Навоз Шариф гуфт, ба Пешовар сафар мекунад ва дар робита ба ҳалокати шаҳрвандон дар ҳамлаи толибҳо ба мактаб се рӯзи мотами миллӣ эълон кардааст: "Ман наметавонам дар чунин лаҳзаҳо дар Исломобод биншинам. Ин фоҷиаи миллист, ки аз тарафи ваҳшиён анҷом дода шуд. Кушташудаҳо фарзандони ман буданд. Ин бохти ман аст. Ин бохти миллат аст. Ман ба Пешовар меравам ва худам ба амалиёт раҳбарӣ мекунам."
Хабаргузории Ройтерз Хуросониро нақли қавл кардааст, ки мегӯяд, барои он ба мактаб ҳамла сурат гирифт, ки нерӯҳои давлат хонаводаҳо ва занони ҷангиёнро ҳадаф қарор додааст.
Ҷамшед Хон, ронандаи автобуси мактаб мегӯяд, вай дар ҳавлии мактаб буд, ки ногаҳон садои тирандозӣ ва доду фарёди кӯдакону омӯзгорон ба гӯшаш расид. Яке аз муаллимон ба шабакаи хусусии телевизионӣ гуфтааст, ҳамла дар айни имтиҳони хонандагон ба вуқӯъ пайвастааст ва толибон синф ба синф мегарданд.
Хуросонӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ҳамлаварон дастур доштанд, ки "ба кӯдакон осеб нарасонанд ва аммо ҳарбиёнро ҳадаф гиранд." Вале мақомоти давлатӣ мегӯянд, аксари кушташудаҳо кӯдаконанд. Онҳо мегӯянд, ба камияш 6 нафари мусаллаҳ дар ҳоле вориди мактаб шудаанд, ки дар он 500 донишҷӯву омӯзгор машғули дарс буданд. Толибон гуфтаанд, шаш нафарро бо камарбандҳои маводи тарканда ба ин мактаб фиристодаанд. Аз дохили мактаб садои се таркиши бузург ба гӯш расидааст. Ҳарбиёни покистонӣ мегӯянд, чаҳор тан аз ҳамлаваронро нобуд кардаанд. Аммо маъмурони амниятӣ мегӯянд, бархе аз ҳамлаварон фирор кардаанд.