Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 январ тайи номае унвонии подшоҳи нави Арабистони Саудӣ, Салмон бини Абдулазиз, даргузашти Малик Абдуллоҳ бин Абдулазизро тасаллият гуфтааст.
Дар ин нома аз ҷумла омадааст, "бо камоли андӯҳу ғам хабари вафоти марҳум Подшоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро дарёфт намудем. Бо реҳлати ӯ мо бародари азизи мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи халқҳои мусулмонро аз даст додем, ки дар назди Уммат хидматҳои бузургеро адо намуда буд ва дар масоили тақдирсози он ҳамеша мавқеи қотеъ дошт."
Дар идомаи ин нома гуфта мешавад, "мо бо ибрози самимонатарин ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият бо ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Мамлакати Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Шумо чун Подшоҳи он ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба Парвардигори бузург дуо менамоем, ки ба ҳамаи мову Шумо ва оилаи подшоҳӣ сабру таҳаммул ато фармояд, марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад."
Малик Абдуллоҳ -- подшоҳи 90-солаи Арабистони Саудӣ, ки охирҳои соли гузашта дар бемористоне дар Риёз бистарӣ гардид, даргузаштааст. Ҳоло бародари ӯ - Амир Салмон ба тахти подшоҳӣ нишаста, писараш Амир Муқрин валиаҳд таъин шудааст. Абдуллоҳ бин Абдулазиз -- подшоҳи 90-солаи Арабистони Саудӣ, ки дар бемористоне дар Риёз бистарӣ буд, даргузаштааст. Хабари расмии марги подшоҳи Саудиро, бародари ӯ -- Амир Салмон, ки тайи ҳафтаҳои охир масъулияти идораи кишварро бар уҳда дошт ва дар мазҳари ом намудор мешуд, эълон кардааст.
Ҳоло Амир Салмони 79-сола, ки саломатии ӯ низ чандон хуб арзёбӣ намешавад, ба унвони подшоҳ ва шоҳзода Муқрин бин Абдулазиз валиаҳди ӯ интихоб шудаанд. Шоҳзода Муқрини 69-сола, ки сарвари хадамоти ҷосусии Саудӣ буд ва ҳам дар чанд вазифаи баланди давлатӣ кор мекард, соли гузашта аз тарафи Малик Абдуллоҳ ба вазифаи навтаъсиси “муовини шоҳзодаи валиаҳд” таъин шуд.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соли 1932 аз тарафи Абдулазиз ал-Сауд таъсис ёфтааст. Низоми меросиро ӯ ба гунае муайян кард, ки тахт аз писари калонӣ ба писарони хурдӣ интиқол меёбад. Вақте ки вай дар соли 1953 даргузашт, аз худ 35 писар боқӣ гузошт. То ҳоло 5 писари ӯ шоҳ шуданд. Дар ҳоле ки писарони калонсоли Абдулазиз яке паси дигар фавтиданд ё пир шуданд, нақшаи рӯшане барои интиқоли тахт ба насли “нав”-и шоҳзодаҳо – наберагони бешумори ӯ ба миён наомад.
Муқрин ҷавонтарин писари Абдулазиз аст, ки акнун баъд аз сари Амир Салмон вориси тахт хоҳад шуд. Агар Муқрин подшоҳ шавад, бояд валиаҳди худро аз миёни насли саввуми шоҳзодаҳо интихоб намояд. Аммо, ба навиштаи “The Middle East Monitor”, вай дар дарбор ба андозае қавӣ нест, ки писари худро ворис баргузинад.
Телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ бомдоди рӯзи ҷумъа, 23 январ, пахши барномаҳои одии худро қатъ карда, иқдом ба пахши Қуръон намудааст. Пеш аз эълони хабари марги Малик Абдуллоҳ тавассути расонаҳои расмии Арабистони Саудӣ овозаҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ пиромуни марги ӯ мунташир шуда буд. Маросими бахоксупории вай, қарор аст, асри ҷумъа сурат бигирад.
Подшоҳи Арабистони Саудӣ рӯзи 31 декабри соли гузашта дар бемористон бистарӣ шуд. Малик Абдуллоҳ, ки соли 1924 ба дунё омадааст, соли 2005 ба курсии подшоҳӣ дар Арабистон нишаст ва солҳои ахир аз беморӣ ранҷ мебурд. Ӯ яке аз муттаҳидони асосии Амрико дар Ховари Миёна ба шумор мерафт ва тайи солҳо замимдориаш ислоҳоти мухталиферо дар Арабистон ба вуҷуд овардааст.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс аз мухолифони асосии қиёмҳои "Баҳори араб" ба шумор мерафтанд, зеро, ки онро таҳдиде барои субот ва ҳукуматҳои худ медиданд. Аз ҷумла, коршиносон ба ин назаранд, ки Арабистони Саудӣ дар суқути ҳукумати мунтахаби Миср бо раҳбарии Муҳаммад Мурсӣ даст дошт, ки дар пайи қиёмҳои "Баҳори араб" ба қудрат расида буд.
ВИДЕО: Низоми табдили қудрат дар Арабистони Саудӣ