Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони санаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия


Федератсиюни байналмилалии футбол (ФИФА) санаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки соли 2018 дар Русия баргузор мешавад, эълон кард.

Федератсиюни байналмилалии футбол (ФИФА) санаи баргузории мусобиқаи навбатии қаҳрамонии футболро эълон кард. Ҷоми ҷаҳонӣ аз 14-уми июн то 15-уми июли соли 2018 дар Русия баргузор мешавад,

Ба ҷуз ин, санаи баргузории мусобиқаи анъанавии Ҷоми Конфедератсиюн, ки як сол пеш аз Ҷоми ҷаҳонии футбол барпо мегардад, эълон гардид. Беҳтарин дастаҳои мунтахаби қитъаҳо, мунтахаби Олмон- қарамони феълии ҷаҳон, инчунин мунтахаби Русия- мизбони сабқат, барандаи нави Ҷоми Конфедератсиюнро, ки аз 17-уми июн то 2-юми июли соли 2017 доир хоҳад шуд, муайян мекунанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар 11 шаҳри Русия-Москва, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Сочи ва Екатеринбург– баргузор мешавад. Бозиҳои Ҷоми Конфедератсиюн бошад, дар чаҳор шаҳри Русия: Москва, Санкт-Петербург, Сочи ваҚазон барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол варзишгоҳҳои амалкунандаи футбол дар ду шаҳр - Маскав («Открытие-Арена» - варзишгоҳи «Спартак”) ва Қазон («Казань-Арена», ки дар он дастаи «Рубин» бозиҳои хонагиашро мегузаронад) мавҷуданд.

XS
SM
MD
LG