Бо вуҷуди баҳси гарм миёни коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик дар бораи мӯҳтавои китоби «Ҷаҳонбинии оянда», ки вуҷуди Худовандро инкор мекунад, муаллифони ин китоб дар ақидаашон устувор мондаанд. Комил Бекзода, ходими идмии Пажуҳишгоҳи, фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, чопи ин китоб натиҷаи фаъолияти 20 солаи як гурӯҳ аз файласуфони тоҷик аст, ки 22 масъалаи фалсафиву иҷтимоиро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи ин донишманд, воқеан дар ин китоб онҳо ба ҷаҳонбинии дигар барои ояндаи башар таъкид кардаанд, ки инсон дигар на ба умеди Худованд бошад, ки пас аз марг ӯро зинда мекунаду ба биҳишти ҷовидон мепайвандад, балки кӯшиш кунад, ки аз роҳи илм «уқдаи зиндагии пас аз марг» -ро боз намояд.
Ҷаноби Бекзода гуфт, «ин биниши китоби мо биниши илмист. Асли ҷавҳар дар мушкилоти инсони ин вуҷуди марг аст. Ва савол мегузорем, ки аслан Худо кист ва вазифааш аз чӣ иборат аст. Худо касест, ки инсонро баъди мурдан аз нав зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшад. Яъне, ин таърифи диншиносони имрӯза аст, ки вазифаи Худоро аз нигоҳи илмӣ ба ҳамин шакл муайян кардаанд. Дар ҳамин ҷавоб дар китоби мо омадааст, ки илми имрӯзаи ҷаҳонӣ аллакай 24 роҳу усули зинда кардани инсонро медонад. Яъне, ҳамон корҳоеро, ки дар андешаи мардум Худо дар гузашта анҷом медод, илми ҷаҳонӣ дар оянда метавонад, ки ҳамин вазифаи Худоро иҷро кунад ва инсонҳоро ба умри ҷовидониву абадӣ бирасонад. Ба ин маъно дигар ҳоҷате барои парастиши як Худову ду Худову садҳо Худоҳои дигар боқӣ намондааст.»
Комил Бекзода мегӯяд, онҳо аз қабл медонистанд, ки мардум сари ин мавзӯъҳо ҳассосияти диниву мазҳабӣ доранд, ба ин далел ин нуктаро дар оғози китоб ба таври муфассал шарҳ додаанд. Аммо меафзояд, ӯ баъд аз нашри ин китоб аз тариқи расонаҳо борони маломату тавҳин ба сари онҳо рехтааст ва ҳатто дар ҷавоб ба китоби «Ҷаҳонбинии оянда», як китоби 64 саҳифагӣ низ нашр шудааст. Вале ҷаноби Бекзода «дар қарни 21 муттаҳам кардани як нафарро ба куфр амали хандаовар медонад, зеро мегӯяд, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ҳар нафар ҳаққи озодона баён кардани ақида ва назари худро дорад.»
Дар ҳоле, ки муаллифони «Ҷаҳонбинии оянда» назари мунтақидони худро қобили таваҷҷӯҳ намедонанд, коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик интишори чунин китобро дар ҷомеаи мусулмонии Тоҷикистон амали нораво мешуморанд. Аз ҷумла Амруллоҳи Низом, таҳлилгар дар умури масоили динӣ, ки дар сомонаи «Рӯзгор.тҷ» ин иддаои файсалуфони тоҷикро бо овардани далелелҳо аз оятҳои мухталифи Қуръон радд кардааст, меафзояд, пешниҳоди чунин андешаҳо ва он ҳам аз сӯи донишмандони фалсафа, метавонад ҷомеаро ба хушунат бикашад.
Ӯ гуфт, «ин файласуфон мегӯянд, агар Худо вуҷуд дошта бошад, бигузор, худро зоҳир кунад, дар ин масъала ҳам ҷаҳонбинии исломӣ 1400 сол пештар ҳарфҳои худро гуфтааст. Дар гузашта низ чунин андешамандон буданд ва имрӯз ҳам ба ғайр аз онҳо чунин нафарон ҳастанд ва шояд дар оянда ҳам бисёр бошанд. Аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунат ва даъват кардан ба хештандорӣ бояд як ҷавони мусулмоне, ки мехоҳад дар ин маврид аз ақида ва арзишҳои худ ҳимоят кунад, ҳадди аққал як матлаби оддитарин аз нигоҳи мазҳабии худ бояд дошта бошад. Вақте чунин афрод дар ҷомеаи мусулмонӣ, боз аз президенти Академияи улум талаб мекунад, ки ба мо мошин ҷудо кунед, то мо аз ин фикрҳои маҳсули ду даҳсола худро дар байни мардум тарғиб кунем, ки Худо нест ва ҳеҷ китоби осмонӣ ва арзишҳои исломие, ки мардум пойбандӣ он ҳастанд, вуҷуд надоранд, ин ҷузъ аз як тафриқандозӣ миёни ҷомеа чизе нест.»
Дар ин ҳамин зимн таҳлилгар Саъдии Юсуфӣ, инкори вуҷуди Худовандро аз сӯи ин донишмандони тоҷик маҳкум мекунад ва аммо мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ зери таъсири ин гуна ақидаҳо қарор намегирад. Вай меафзояд, «ҳоло мо ба ин хулоса мерасем, ки имрӯз таъсири дин дар андешаи файласуфони тоҷик ба маротиб бештар аз он аст, ки файласуфони тоҷик дар дин таъсире карда бошанд. Яъне мо шоҳиди як раванде ҳастем, ки ҳатто файласуфони мо, онҳое, ки чанд соли пеш фикри диниро ба унвони равшанфикрӣ қабул надоштанд, имрӯз аз Худову расул ёд мекунанд. Аммо ба фикри ман, дар маҷмӯъ ин китоб наметавонад таъсиргузор бошад ва ё мавриди писанди мардум қарор бигирад.»
Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии саршиноси тоҷик дар робита ба нашри китоби "Ҷаҳонбинии оянда" ва назарияи инкори Худо аз ҷониби Комил Бекзода гуфт, ки ҷаноби Бекзода парвардаи фалсафаи замони шӯравии марксистӣ аст ва ин назарияи вай барои онҳо ҳарфи нав нест.
Домулло Зубайдулло афзуд, ки «чунин назарияи «инкори худо»-ро дар ҳар гӯшаи дунё шунидан мумкин аст, вале масъалаи аслӣ ин аст, ки оё мардум ҷомеа чи гуна ин назарияро қабул мекунад ин аст масъалаи асосӣ. Комил Бекзодаро ҳанӯз аз даврони мактабхониаш дар ин рӯҳия тарбия кардаанд ва агар вай омода бошаду бо мо баҳси ошкору чашм ба чашм кунад, мебинем, ки аз нигоҳи мантиқ ин назария то куҷо пуч аст.»
Ин баҳсҳо дар ҳоле, доғтар мешавад, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита ба он хомӯширо ихтиёр кардааст. Китоби «Ҷаҳонбинии оянда» дар авохири соли 2013 бо 100 нусха ва дар нашриёти «Кайҳон» дар шаҳри Душанбе чоп гардида, ба таври ройгон миёни олимон тақсим шудааст.