Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз юриш ба дафтари Радиои Озодӣ дар Боку нигаронӣ кард


Амрико аз шеваи бархӯрди мақомоти Озарбойҷон бо кормандони бахши озарии Радиои Озодӣ дар Боку ва ҳамчунин бастани дафтари ин радио нигаронии амиқ карда ва онро нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар хондааст.

Мақомоти интизомии Озарбойҷон шоми шанбеи 27 декабр бо рафтан ба хонаҳои ҳар яке аз кормандони бюрои Радиои Озодӣ дар Боку, онҳоро барои пурсупос ба додситонӣ интиқол дода буданд. Ба гуфтаи яке аз вакилони рӯзноманигорон, пулиси Боку аз "зӯр ва таҳдид" барои интиқоли ҳадди ақал чаҳор хабарнигор ба додситонӣ истифода кардааст.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Ҷефф Ратке (Jeff Rathke), сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 29 декабр гуфтааст, ин иқдомот ва ҳамчунин маҳрум кардани рӯзноманигорон аз дастрасӣ ба вакил дар ҳини пурсуҷӯ, боиси нигаронии бештар шудааст. Вай изҳор дошт, Вошингтон аз Боку мехоҳад, ки пойбандиашро бо тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла риояи ҳуқуқи башар ва озодиҳо нишон диҳад.

Ба гуфтаи Ҷефф Ратке, юриш ва бастани дафтари бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ дар Боку танҳо панҷ рӯз пас аз гуфтугӯи телефонии вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ва Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯй медиҳад, ки оқои Керрӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ нисбат ба нақзи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон нигаронӣ карда буд.

Бар пояи гузоришҳо, дувоздаҳ тан аз кормандони бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ дар Боку барои бозҷӯӣ дар таърихи 27 ва 28 декабр иҳзор ва боздошт шуданд ва танҳо пас аз имзои як тааҳҳуди расмӣ, ки аз ифшои ҷузъиёти бозҷӯӣ худдорӣ мекунанд, озод шуданд. Дастикам ҳашт тан аз кормандони феълӣ ва собиқи ин дафтар, рӯзи душанбеи 29 декабр низ ба додситонӣ даъват шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Илҳом Алиев рӯзи душанбеи 29 декабр дастури афви 87 зиндониро содир кард, ки шуморе аз онҳо зиндониёни сиёсӣ буданд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико аз иқдоми раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар афви ин зиндониён истиқбол кард ва онро қадаме дуруст арзёбӣ намуд.

Ҷефф Ротке бо ин ҳол гуфтааст, "мо аз мақомоти Озарбойҷон мехоҳем бар пояи чунин афв, дигар зиндониёнеро, ки дар пайванд бо дастёбӣ ба ҳаққи худ дар заминаи озодиҳои бунёдӣ зиндонӣ шудаанд, низ озод кунанд."

Пештар Созмони амният ва ҳакории Амврупо юриш ба дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро зарбаи ҷиддӣ ба озодии расонаҳо ва озодии баён дар Озарбойҷон арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG