Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп таҳдиди шурӯи ҷангро бо Эрон аз байн бурд. Оё ин охири кор аст?


Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар Кохи Сафед. 8-уми январи 2020
Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар Кохи Сафед. 8-уми январи 2020

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ишора кард, ки дар низоъ бо Эрон аз мавқеи коҳиши ихтилофҳо кор мегирад ва аломат дод, ки барои ҳамлаҳои мушакии Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ дар талоши интиқомгирӣ нест.

Дар ҳоле ки ҷаҳониён мунтазири дарёфти посухи ин суол буданд, ки то куҷо Ховари Миёна дар остонаи як ҷанги нав қарор дорад, Трамп шаби 8-уми январ дар суханрониаш ҳарфҳои омехтаеро дар бораи фаъолиятҳои террористии Эрон ва ҳам зарурати сулҳу ҳамкорӣ ба забон овард.


Замоне ки Доналд Трамп суханронӣ мекард, муовини президент Майк Пенс, вазири умури хориҷӣ Майк Помео, вазири дифоъ Марк Эспер ва раҳбарони дигари низомиву сиёсӣ дар атрофаш буданд.

Изҳороти Трамп даҳ дақиқа идома кард ва ӯ гуфт: "Мо имконоти посух додан ба ҳамлаҳои Эронро баррасӣ мекунем ва Амрико билофосила таҳримҳои иловагии иқтисодӣ ба зидди режими Эрон ҷорӣ мекунад."

Раиси ҷумҳури Амрико бо ин ки хеле рӯшан гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо мушакҳои "бузург, пурқудрат, дақиқ, кушанда ва босуръат"-аш тавони нобуд кардани ҳадафҳоро дар Эрон дорад, роҳи ҳалли низомӣ дар авлавият қарор надорад. "Воқеияти ин ки чунин силоҳу таҷҳизоти азим дорем, ба он маъно нест, ки бояд аз он истифода барем. Мо онро истифода карданӣ нестем," -- афзуд ӯ.


Таҳлилгари масоили сиёсӣ Алекс Ватанка мегӯяд, президенти Амрико дар фикри созиши нав бо Эрон аст, ки марбут ба барномаи ҳастаии ин кишвар мешавад, чун ин мавзуъ дар ихтилофҳои миёни ду кишвар меҳварӣ мебошад. Ватанка гуфт, ҳарфҳои президент дар бораи ин ки "Эрон метавонад як кишвари бузург бошад" ба маънои "боз гузоштани дар"-и ҳалли дипломатии қазия аст.

Таҳлилгар ба ин бовар аст, ки қадами аввалро дар ин "муомилаи эҳтимолӣ" нахуст Эрон гузошт, чун дар мушакборони пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ ягон нафар кушта нашуд. Ин ҳамла рӯзи 8-уми январ дар посух ба куштори фармондеҳи нирӯҳои Қудси Эрон Қосими Сулаймонӣ сурат гирифт. Сулаймонӣ рӯзи 3-юми январ дар ҳамлаҳои ҳавоии низомиёни амрико дар Бағдод кушта шуд.

"Амрико ва Эрон ба хатти ҷанг наздик шуданд ва вақте диданд, ки дар он тарафи хат чӣ аст, аз ин чиз хушашон наомад," -- мегӯяд Ватанка.


Вале таҳлилгари дигар Далия Дасса Кайе, ки Маркази сиёсати ҷамъиятии Ховари Миёна (дар назди созмони RAND corp.)-ро раҳбарӣ мекунад, гуфт, "президент ишора кард, ки тағйири сиёсат намешавад. Дар ҳоле ки ӯ ба дипломатия дилгармӣ нишон доду аз боздошта шудани мизони ихтилофҳо суҳбат кард, умед дорам, чизе бештар аз танҳо як суҳбат ҳам карда мешавад."

Трамп дар суханронии рӯзи чоршанбе генерали кушташудаи эрониро масъули ташкили ҳамлаҳои низомӣ болои ҳадафҳои Амрико номид ва гуфт, ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи Амрико дар Ироқ дар охири декабри порсол ва ҳам юриш ба сафорати Амрико дар Бағдод аз ҷониби Қосим Сулаймонӣ ташкил шуда буд ва ин шахс "ба ҷони амрикоиҳо таҳдид мекард".

Куштори генерали эронӣ ҷомеаи ҷаҳониро такон дод, чун аксарият аз хатари сар задани ҷанг дар миёни ду кишвар нигарон шуданд. Куштори генерали эрониро демократҳои Амрико интиқод карда, ба дурустии тасмими Трамп барои ҳадаф қарор додани ин шахс шубҳа намуданд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG