Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Дар Русия барои Лукашенко бо $50 млн қароргоҳ сохтаниянд


Тарҳи сохтмони қароргоҳи Лукашенко
Тарҳи сохтмони қароргоҳи Лукашенко

Иттиҳоди қудратиҳои пешини Белорус (BELPOL) ва телевизиони "Белсат" филми таҳқиқотиреро бо номи "Достони бузургтарин дуздии Лукашенко" нашр кардаанд.

Дар ин филм гуфта мешавад, дар наздикиҳои шаҳри Сочии Русия бо 50 миллион доллари амрикоӣ барои президенти Белорус Александр Лукашенко қароргоҳ месозанд.

Ба иттилои манбаъ, қароргоҳ дар ҳудуди деҳаи истироҳатии "Красная поляна", дар замине сохта мешавад, ки аз соли 2013 ба Белорус тааллуқ дорад.

Рӯзноманигорон мегӯянд, Минск ин қитъаи заминро баъди тасвиби созишномаи табодули замин бо Русия соҳиб шуда буд.

Дар ҳудуди қароргоҳ се қасри замонавӣ бунёд карда мешавад, ки масоҳати ҳар яке аз онҳо зиёда аз 300 метри мураббаъ хоҳад буд. Қароргоҳ ҳамчунин дорои меҳмонхона ва маҷмааи тарабхонаҳо низ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG