Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” муайян шуданд


Темур Раҳимов.
Темур Раҳимов.

Рӯзҳои 3-5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе бори аввал дар пойтахти Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2024” доир мегардад.

Ташаббуси шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи сар аз соли 2024 дар пойтахти кишвар доир кардани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” (“Тоскӯлоҳи бузург”) аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шудааст.

Ҳамакнун пеш аз Бозиҳои олимпии Порис-2024 беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон, ки барои ширкат дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam" ба Тоҷикистон омадаанд, барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Дар байни онҳо дурахшонтарин ситораи ҷудои дунё Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса мебошад, ки дар вазни беш аз 100 кило (қадаш 2 метру 4 сантиметр) рақобат хоҳад кард. Дарвоқеъ, Тедди Ринер дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон варзишгари аз ҳама серунвонтарин маҳсуб мешавад.

Ин паҳлавони машҳур қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон (бори охирин дар Доҳа-2020), қаҳрамони 5-каратаи Аврупо (бори охирин дар Қазон-2016) ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса аст.

Ситораи ҷудои ҷаҳон Сёҳэй Онои 32-солаи ҷопонӣ, қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон дар вазни то 73 кило ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ин мусобиқа ширкат меварзад.

Инчунин ба мусобиқаи мазкур паҳлавони машҳури тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин ва соҳиби нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило Расул Боқиев, ки дар Маскави Русия ба сар мебарад, даъват шудааст. Бояд гуфт, ки то ҳоло ягон гуштигири дигари тоҷик дар риштаи ҷудо ба пояи ин паҳлавони 41-сола нарасидааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохиланд:

-60 кг – Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода;

-66 кг – Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Бобоҷон Муқтадирӣ;

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов;

-81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Лоиқов, Суннатулло Мӯсоев, Раҳматуллобек Фарҳодов;

-90 кг – Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Акмал Муродов, Шодмон Ризоев;

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов;

+100 кг – Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Шарифҷон Назриев, Некрӯзшоҳ Некбахтзода.

Занон

-48 кг — Райҳона Розиқзода;

-52 кг — Мадина Қурбонзода, Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова;

-57 кг — Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова;

-63 кг — Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова;

-70 кг —Мавлуда Одинаева.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ду паҳлавони шинохтаи тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) бо сабаби омодагӣ ба қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба иллати осеби гирифтааш дар қаҳрамонии ҷудои Осиё - дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург”-и Душанбе иштирок намекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ, ки 2-юми май дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” доир шуд, рақибони варзишгарони тоҷик муайян шуданд.

Дар вазни то 60 кило Меҳрзод Суфиев, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Анварҷон Иброҳимови узбек ва Изнаур Сааев (AIN, дастаи бетараф) рақобат мекунад. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал бо Виҷай Кумар аз Ҳиндустон рӯбарӯ мешавад. Муҳаммад Маҳмадизода бо Дук Тат Чу аз Ветнам дар даври аввал қувва меозмояд. Ҳақдод Гулов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм муҷобили Петрос Кристодоулидес аз Кипр ба майдон меояд.

Дар вазни то 66 кило Обид Ҷебов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҳаким Агаммамедов аз Туркманистон ва Сумия Лхагвасурен аз Муғулистон рақобат мекунад. Муллораҷаб Халифаев бо Мартин Сетз аз Олмон қувва меозмояд. Ёсин Бобокалонов дар даври аввал бо намояндаи бетараф Абрек Нагучев вориди рақобат мешавад. Бобоҷон Муқтадирӣ бо намояндаи бетараф Иван Чернюх нерӯсанҷӣ мекунад.

Дар вазни то 73 кило Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо Биаслан Блимготови баҳрайнӣ қувваозмоӣ хоҳад кард. Рақиби Абубакр Шеров дар даври аввал Рамазон Коҷакови баҳрайнӣ мебошад. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Як Йонезукаи амрикоӣ рӯбарӯ мешавад. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Адам Содолскии лаҳистонӣ нерӯсанҷӣ мекунад. Рақиби Раҳматуллобек Фарҳодов дар даври дуюм Адам Копески аз Чехия мебошад.

Дар вазни то 81 кило Суннатулло Мусоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудокори қазоқ Жубаназар Абулайхан қувва меозмояд. Суннатулло Лоиқов бо Йошито Ҳоҷо аз Ҷопон дар даври дуюм қувваозмоӣ мекунад. Сайфиддин Сайфиддинзода бо Лачлан Мурҳеад аз Британияи Кабир дар даври дуюм ба рақобат мепардозад.

Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён бо Даниел Ниетои испанӣ, Шодмон Ризоев бо Эдуард Триппели олмонӣ, Акмал Муродов бо Мамедалӣ Ачюлдюеви туркман ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Бакар Эрашвилии гурҷӣ дар даври аввал вориди рақобат мешаванд.

Дар вазни то 100 кило Ҷаҳонгир Маҷидов бо Авсин Чандрани ҳиндӣ, Парвиз Абдураҳмонов бо намояндаи бетараф Анҷей Павлиуков, Эмомризо Анварзода бо Синг Автари ҳиндӣ ва Кароматулло Ҳакимов бо намояндаи бетараф Ниёз Билолов дар даври аввал қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Давит Кевлишвилии испанӣ ва Анани Квадйои фаронсавӣ рақобат мекунад. Раҳмон Мансур бо Шаотонг Юани чинӣ, Некрӯзшоҳ Некбахтзода бо Муҳаммал Ал-Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев бо Мансур Муҳиддинови узбекистонӣ дар даври аввал қувва мезмоянд.

Дар мусобиқаи занон дар вазни то 48 кило Райҳона Розиқзода дар даври аввал бо Аманда Лимаи бразилӣ қувваозмоӣ мекунад.

Дар вазни то 52 кило Аҳлия Муъминова бо Мариа Сидероти португалӣ, Насиба Карликова бо Софиа Асвестаи кипрӣ ва Мадина Қурбонзода бо Гулҳайё Ҷӯраеваи узбекистонӣ ба рақобат мепардозанд.

Дар вазни то 57 кило Фазилат Гулбоева бо Убасарт Маскарои испанӣ ва Раҳмия Ханҷарбекова бо Леле Наирнеи бритониёӣ дар даври аввал вориди рақобат мешаванд.

Дар вазни то 63 кило Шоҳида Қаландарова дар даври аввал бо Кристина Кабана Переси испанӣ ва Ҷонона Назарова бо Агаза Счмидти олмонӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни то 70 кило Мавлуда Одинаева дар даври аввал бо Габриелла Виллямс аз Фаронса рақобат хоҳад кард.

Барномаи мусобиқа:

3-юми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

4-уми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

5-уми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Зимнан, дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Prix 2023", ки соли гузашта бори аввал дар шаҳри Душанбе доир гардид, беш аз 300 варзишгар аз 44 кишвар ширкат карда буд.

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3️ медали тилло, 3️ нишони нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб намуд.

Медалҳои тиллоро паҳлавонони тоҷик Обид Ҷебов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) соҳиб шуданд.

Шодмон Ризоев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гаштанд. Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) медали биринҷӣ гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG