Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Индонезия, Ҷопон, Ироқ ва Узбекистон ба нимфинали Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд


Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Индонезия, Ҷопон, Ироқ ва Узбекистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 дар Қатар пирӯз шуданд, ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ пайдо карданд.

Бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) рӯзҳои 25-26-уми апрел дар Қатар доир шуданд. Бозӣ миёни дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Индонезия бо ғалабаи индонезиҳо хотима ёфт. Замони асосӣ ва изофаи ин дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Аз рӯи пеналти мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 11:10 ғолиб омада, ба нимфинал баромад.

Дар бозии дигари даври чорякниҳоӣ байни тимҳои Қатар ва Ҷопон низ замони асосӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт. Ҷопониҳо дар замони изофа ба дарвозаи мизбонон ду гол зада, бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд.

Дар ду бозии дигари чорякниҳоӣ Ироқ ба Ветнам бо ҳисоби 1:0 ва Узбекистон ба Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи душанбеи 29-уми апрел дар Қатар барпо мегардад, Индонезия бо Узбекистон (соати 19:00 бо вақти Душанбе) ва Ҷопон бо Ироқ (соати 22:30 бо вақти Душанбе) вориди рақобат мешаванд.

Бозӣ барои ҷойи сеюм рӯзи панҷшанбеи 2-юми май дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи Доҳа соати 20:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад. Бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи ҷумъаи 3-юми май дар варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамади Доҳа соати 20:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар дар гурӯҳи “С” дар ду

бозӣ аз тимҳои Арабистони Саудӣ ва Ироқ бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, ба тими Тайланд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Аммо футболбозони ҷавони тоҷик бо касби се имтиёз дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро гирифта, натавонистанд ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунанд. Бинобар ин, сармураббии даста Мубин Эргашев аз вазифааш истеъфо дод.

Дастаи ҷавонони зери 23-солаи Ироқ, ки бо касби шаш имтиёз ғолиби гурӯҳи “С” шуд, ба чорякфинал баромад. Тими Арабистони Саудӣ низ шаш имтиёз гирифт ва аз рӯи натиҷаи бозиаш бо ироқиҳо мақоми дуюмро касб намуда, соҳиби роҳхат ба плей-офф гардид.

Зимнан, тими ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон, ки ду бор (солҳои 2022 ва 2024) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кардааст, ин дафъа низ натавонист аз гурӯҳ барояд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2024 (U-23) дар Қатар дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд.

Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.

Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Чорякфинал

25-уми апрел (панҷшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Индонезия – 2:2 (замони асосӣ ва изофа, аз рӯи пеналти – 10-11)

Қатар – Ҷопон – 2:4 (дар замони изофа)

26-уми апрел (ҷумъа)

Ироқ - Ветнам - 1:0

Узбекистон - Арабистони Саудӣ – 2:0

Нимфинал

29-уми апрел (душанбе)

Индонезия – Узбекистон – соати 19:00 (бо вақти Душанбе)

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа

Ҷопон – Ироқ - соати 22:30 (бо вақти Душанбе)

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамад

Бозӣ барои ҷойи сеюм

2-юми май (панҷшанбе)

Ҷопон/Ироқ – Индонезия/Узбекистон – соати 20:30 (бо вақти Душанбе)

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа

ФИНАЛ

3-юми май (ҷумъа)

Ҷопон/Ироқ – Индонезия/Узбекистон – соати 20:30 (бо вақти Душанбе)

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамад

XS
SM
MD
LG