Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ: Ҳукми зиндони як фаъоли занон барои навиштаҳояш дар Интернет


Манаел ал-Утайби
Манаел ал-Утайби

Додгоҳи зиддитеррористии Арабистони Саудӣ феминисти маҳаллӣ Манаел ал-Утайбиро барои навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ 11 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ин ҳукм моҳи январи имсол содир шудааст, вале ҳоло расонаӣ мешавад.

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Amnesty International" навишта, ки ал-Утайбиро маҳз барои интихоби либос ва изҳори назараш дар Интернет зиндонӣ кардаанд.

Ин фаъоли 29-сола дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии "X" ва "Snapchat" видеоеро нашр кардааст, ки дар он бо либоси варзишӣ тамрин мекунад. Ба бар кардани ин навъи либос барои занон дар он кишвар "ношоиста" шумурда мешавад.

Ал-Утайбӣ ҳамчунин ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки гуё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кишвараш либоси суннатии занонаро напӯшидааст.

XS
SM
MD
LG