Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғи ба номи Эмомалӣ Раҳмон


Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба ифтихори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як боғи навбунёдро боғи "Пешвои миллат" ном додаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон боғи наве бунёд мешавад, ки ба ифтихори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боғи "Пешвои миллат" ном мегирад. Рӯзи 23 феврал дар ҳашари умумии бунёди ин боғ, ки интизор меравад, дар майдони 160 ҳектар доман паҳн кунад, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат карда ва ниҳоли себ шинондааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни маъракаи ҳашари умумӣ ҳазорҳо бех ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ шинонда шудааст.

Боғи "Пешвои миллат" дар хоҷагии фермерии "Асадулло" воқеъ гаштааст. Ба гуфтаи мақомот, давоми шаш соли охир дар ин ҷо беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст. Дар хоҷагӣ, бино ба гузориши дафтари матбуоти президент, 1000 коргар фаъолият дошта ва бо бунёди боғи нав беш аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва боғзораш овоза дошт, вале баъди суқути Шӯравӣ аксари ин боғҳо вайрон шуданд.

Ба ифтихори раҳбари давлат номгузорӣ шудани шаҳраку мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи тозае нест.

Дар моҳи сентябри соли гузашта сокинони деҳаи Питовдашти ноҳияи Рӯшон аз ҳукумати вилояти Бадахшон дархост карданд, ки исми шаҳраки тозабунёди онҳо ба Раҳмонобод табдил шавад.

Бар асари обхезии шадид дар нимаҳои моҳи июли соли 2015 деҳаи Барсем хароб шуда буд ва барои 82 хонаводаи зарардидаи ин деҳа дар мавзеи мавсум ба Питовдашт хонаҳои нав бунёд шуд.

Сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон пешниҳод карданд, то шаҳраки тозабунёд “Раҳмонобод” номгузорӣ шавад.

Ин сокинон иброз доштанд, ки ба нишони сипос ба кӯмаки саривақтии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фурсати кӯтоҳ баъди офатҳои табиӣ барояшон 82 манзили нави зист бунёд шудааст, исми деҳаашон ба номи раҳбари кишвар гузошта шавад.

Ва аммо мунтақидон гузоштани номи маконҳову боғҳо ба номи президент Раҳмонро марҳалаи наве дар парастиши шахси ӯ унвон мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз афзоиши "кеши шахспарастии президент" дар сатҳи матбуот интиқод мешавад. Пешвозҳои пурдабдабаву шеърхониҳои кӯдакон дар васфи президент, кишти гулу гулзордар роҳи боздиди ӯ аз мардум ва ба саҳна роҳ ёфтани ситоишгарон ин ҳама"шоу"-и бузуреро мемонад, ки ҳар сол ба шаклу шеваҳои нав такрор мешавад.Худи президент борҳо чандин мақомдори алоҳида ва раҳбарони манотиқи кишварробарои "шахспарастӣ" ва тамаллуқкорӣ танқид кардааст. Аммо ин танқидҳо бетаъсир буда баъзе афрод ҳамоно талош мекунанд мавқеи президентро боло бурда, аз ӯ “шоҳи замон” ё “падари миллат” ном баранд. Истилоҳи “ҷаноби олӣ” аллакай ба як ҷузве аз мухотаби президент табдил шуда ва дар моҳи декабр бо тасвиби як қонун ба ӯ расман унвони "асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат" дода шуд. Ба назар мерасад, ки мақомот аз поён то ба боло тавсифи президентро замонати будани худ дар мақом арзёбӣ мекунанд.

Дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ қудрат дар дасти раҳбарони дарозумр мутамарказ аст. Бо онки ин раҳбарон ба зарурати демократия дар кишварҳои худ таъкид мекунанд, вале танқидро қабул надоранд ва ба шунидани тамаллуқҳои шаҳдомез одат кардаанд. Маъруфтарин намунаи кеши шахсият дар мисоли раҳбари аввали Туркманистон Сафармурод Ниёзов дида мешуд, ки худро “Туркманбошӣ” номида, дар саросари кишвар пайкараву муҷассамаҳо, аз ҷумла ҳайкали бузурги бо тилло бунёдшудаашро дар маркази Ашқобод гузошта буд. Вале баъди фавти Ниёзов президенти нав Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бисёре аз ҳайкалу пайкараҳои Туркманбоширо бардошт.

XS
SM
MD
LG