Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Энтони Блинкен бо Си Ҷинпин мулоқот кард


Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА бо президенти Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 26 апрел дар Пекин бо президенти Чин Си Ҷинпин ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар мулоқот ва ба аҳамияти «мудирияти бомасъулияти» ихтилофҳои миёни ИМА ва Чин дар масоили дуҷониба ва байналмилалӣ таъкид намуд.

Бо вуҷуди афзоиши ихтилофи назарҳо, муколамаҳои миёни ду ҷониб ҳам дар моҳҳои охир афзудааст.

Блинкен аз пешрафт дар ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, дар мавзӯъҳои низомӣ, мубориза бо маводи мухаддир ва ҳуши маснӯӣ изҳори хушбинӣ кард.

XS
SM
MD
LG