Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Русия видеои латукӯби як тоҷикро дар мактаб месанҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи наворе сар кардааст, ки дар он хонандагони як мактаб ҳамдарси тоҷики худро мезананд. Навор дар яке аз мактабҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия сабт шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки ду нафар як хонандаро дар синфхона латукӯб мекунанд. Дар миёни онҳо зане дида мешавад, ки талоши ҷудо кардани хонандагонро надорад.

Дар навор ҳарфҳои бегонаситезонаи наврасе шунида мешавад, ки наворбардорӣ мекунад. "Русия барои русҳост", - садо мезанад вай.

Расонаҳои маҳаллии Петербург навиштаанд, ин ҳодиса дар моҳи феврали соли ҷорӣ рух додааст. Баъд аз ҳодиса дар ҳузури волидони духтар хонандагон аз вай маъзарат хостаанд.

XS
SM
MD
LG