Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ночор дарро бастем." Ба сари ошхонаи муҳоҷирон дар Русия чӣ омад?


Муҳоҷиршикор боиси баста шудани ошхонаҳои муҳоҷирон дар Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Муҳоҷиршикор боиси баста шудани ошхонаҳои муҳоҷирон дар Русия шудааст

Сахттар шудани тафтиши хориҷиён дар Русия боис шудааст, ки баъзе аз зодагони Осиёи Марказӣ ба маконҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ошхонаҳо, нараванд. Соҳибони баъзе аз қаҳвахонаву тарабхонаҳо гуфтанд, чунин вазъ ба тиҷорати онҳо зарба зад. Номи қаҳрамонҳо барои амнияти онҳо иваз карда шудааст.

Баъди ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл", дар канори Маскав, тафтиши қаҳвахонаву тарабхонаҳое, ки муҳоҷирон ба онҷо бештар мераванд, афзоиш ёфтааст. Баъзе аз чунин муассисаҳо бинобар зуд-зуд баргузор гардидани амалиёт маҷбур шудаанд, ки корро бас кунанд. Шумораи дақиқи ин гуна нуқтаҳои басташуда маълум нест.

Як муҳоҷир аз Узбекистон бо номи мустаори Сардор гуфт: “Ҳоло бисёре аз тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо баста шудаанд. Пулис зуд-зуд тафтиш мекард. Намедонам, дар шаҳрҳои дигар чӣ гуна аст, вале дар Маскав 75 дарсади қаҳвахонаҳои хурду калон баста шудаанд.”

Сардор зодаи Узбекистон буда, дар Маскав қаҳвахона дорад. Вай низ ночор корашро бас кард. Аксар муштариёнаш аз Осиёи Марказӣ буданд. Ба гуфтаи вай, пас аз ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскав фишор болои муштариён афзоиш ёфт ва шумораи онҳо зуд кам шуд.

“Тасаввур кунед, ки аз сад муштарӣ танҳо 50 нафар меояд. Хӯрок мемонад ва маҷбур онро мепартоед. Рӯзи дигар на панҷоҳ нафар, балки аллакай 25 нафар меоянд. Ҳамин тавр, мефаҳмед, ки маҷбур дари ошхонаро бандед,” – афзуд ӯ.

Муҳоҷирони кишварҳои дигар низ эътироф мекунанд, ки афзоиши бегонаситезӣ ва амалиёти пулис дар Русия ба тиҷорати тарабхонаҳо зарбаи сахт расондааст.

Муҳоҷире бо номи мустаори Азамат мегӯяд: "Ҳоло ҳуҷҷати ҳамаро дар кӯчаву метро тафтиш мекунанд. Махсусан узбекҳо ва тоҷиконро боздошт мекунанд. Худи ман низ бо миллатгароӣ дучор шудам. Вақте ба мағоза барои харидани об даромадам, фурӯшанда зани рус буд ва ба ман хидмат расондан нахост. Гуфт, "Шумо террорист ҳастед".

"Дар чойхонаҳо амалиёт гузаронданд. Ҳар касе ҳуҷҷат надошт, ҷарима шуд. Пештар одамон бисёр буданд. Ҳоло хеле кам меоянд," – гуфт Аброр, соҳиби як қаҳвахона дар Маскав.

Тоҷири дигар афзуд: "Тоҷикон қаҳвахонаҳои зиёд доштанд. Барояшон душвор шуд, чунки ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекунанд ва фишор меоранд. Маҷбур шуданд, муассисаҳои худро бастанд."

Сардор пас аз бастани қаҳвахонааш дар Маскав ҳоло дар дӯкони гулфурӯшӣ кор мекунад. Вай тиҷоратро пурра бас накардааст. Баъзан ҳамроҳи тимаш зиёфатҳои сайёр ташкил мекунанд. Агар вазъи муҳоҷирон дар Русия беҳтар шавад, боз дари қаҳвахонаро хоҳанд кушод.

Тибқи омори пулиси Маскав, то 10-уми апрели имсол дар пайи амалиёт беш аз 6 ҳазор қонуншиканӣ сабт шудааст. Садҳо муҳоҷирро аз хоки Русия берун мекунанд. Бархе ҷарима шуда, иддае дар боздошт ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG