Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян: "СПАД – ин механизмест, ки наметавон ба он умед баст"


Никол Пашинян
Никол Пашинян

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ба ин суол посух надорад, ки чаро Арманистон дар ҳайати Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) мемонад.

Дар мусоҳиба бо расонаҳои бритониёӣ Пашинян гуфт, СПАД ҳангоми таҷовузи марзи Арманистон аз сӯи артиши Озарбойҷон дар солҳои 2021 ва 2022 бо баҳонаи ин ки марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст, даст ба кор нашуда буд.

Вай илова кард, СПАД ба сифати механизме вуҷуд надорад, ки кишварҳои узв - Русия, Арманистон ва боқимондаҳо метавонанд, ба он умед банданд.

"Ин ҳарфҳо ба вокуниши СПАД ва изҳороти баъзе аз кишварҳои узв асос ёфтаанд. Ҷомеаи мо ба мо мегӯянд: чаро шумо дар ҳайати СПАД мемонед? Ошкоро бигӯям, ман ба ин суол посух надорам", - гуфт Пашинян.

Пашинян афзуд, айни ҳол Арманистон вориди раванди аломатгузории марз мешавад, ки ин раванд барои коҳиш додани хатарҳо ниҳоят муҳим аст.

XS
SM
MD
LG