Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор маъмури амниятии Қазоқистон барои шиканҷа зиндонӣ шуданд


Маъмурони пешини амнияти Қазоқистон дар додгоҳ. 22-юми апрели 2024
Маъмурони пешини амнияти Қазоқистон дар додгоҳ. 22-юми апрели 2024

Додгоҳи низомии шаҳри Остона ҳукми чаҳор маъмури пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро, ки дар шиканҷаи 13 боздоштшуда гумонбар буданд, содир кард.

Тибқи қарори додгоҳ, подполковник Еркин Аманов 6,5 сол зиндонӣ шудааст.

Майор Ҳомид Абдуғаниву капитан Кайрат Сартаев 5-солӣ ва мутахассиси идораи назорати марзии "Остона" Куандик Мухтархонов 4 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Додгоҳ ҳамчунин маҳкумшудаҳоро вазифадор кардааст, ки ба Бунёди ҷуброн пардозанд. Маъмурони пешин баъди раҳоӣ аз зиндон се сол аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ маҳрум хоҳанд буд.

Баррасии парвандаи шиканҷаи боздоштшудаҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон моҳи октябри соли 2023 оғоз шуда буд.

Дар аввал 28 кас шикоят карда буданд, ки дар натиҷаи "амалиёти махсуси амниятиҳо" шиканҷа шудаанд, вале тафтишот дар ниҳоят 13 касро ҷабрдида эълом кард.

XS
SM
MD
LG