Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи олимпии Тоҷикистон ба чорякфинал роҳ наёфт. Сармураббӣ истеъфо дод


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) бо вуҷуди он ки дар бозии сеюмаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар тими Тайландро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, натавонист ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунад. Бинобар ин, сармураббии даста Мубин Эргашев аз вазифааш истеъфо додааст.

Бозии даври охиринии гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистону Тайланд шаби душанбеи 22-юми апрел дар шаҳри Доҳа, дар варзишгоҳи “Ал-Ҷануб”, доир гардид.

Нимаи аввали дидор комилан бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик гузашт ва онҳо пайваста ҳуҷум мекарданд, аммо ба задани гол муваффақ нашуданд.

Дар ибтидои нимаи дуюми бозӣ тайландиҳо фаъол буданд. Баъдан бозӣ бо ҳуҷумҳои ҳарду ҷониб сурат гирифт. Голи ягонаро сарвони дастаи олимпии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров дар охири дидор (90+1) ба самар расонд.

Аммо ин ғалаба ба футболбозони ҷавони тоҷик имкон надод, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, зеро онҳо бо касби се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “С” ҷойи сеюмро гирифтанд.

Дастаи ҷавонони зери 23-солаи Ироқ, ки дар бозии даври охирин тими Арабистони Саудиро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, бо касби 6 имтиёз ғолиби гурӯҳ шуда, ба чорякфинал баромад.

Тими Арабистони Саудӣ низ 6 имтиёз гирифт ва аз рӯи натиҷаи бозиаш бо ироқиҳо мақоми дуюмро касб намуда, соҳиби роҳхат ба плей-офф шуд.

Дастаҳои олимпии Тоҷикистону Тайланд, ки бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро ишғол карданд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ду бозиаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар аз тимҳои Арабистони Саудӣ ва Ироқ бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, тими ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон, ки ду бор (солҳои 2022 ва 2024) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кардааст, ин дафъа низ натавонист ба плей-офф барояд.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон Мубин Эргашев баъди анҷоми бозӣ муқобили Тайланд аз вазифааш истеъфо додааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2024 (U-23) дар Қатар дар панҷ гурӯҳ ба анҷом расид. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Қатар ва Индонезия аз гурӯҳи “А”, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон аз гурӯҳи “В”, Ироқ ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “С” ба чоряфинал роҳ ёфтанд.

Мусобиқа дар гурӯҳи “D” шаби сешанбеи 23-юми апрел хотима меёбад. Аммо дар ин гурӯҳ тимҳои Узбекистон ва Ветнам, ки шашимтиёзӣ гирифтаанд, пешакӣ ба чорякфинал роҳ ёфтанд.

Дар даври охирин ғолиби гурӯҳ дар бозӣ миёни тимҳои Узбекистону Ветнам, ки соати 20:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад, муайн хоҳад шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2024 (U-23) дар Қатар дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд.

Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.

Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Гурӯҳи “С”

Даври якум

Ироқ – Тайланд – 2:0

Голҳо: Варис Чулзонг, 26 (0:1), Тирасак Поирҳимай, 65 (0:2).

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 4:2

Голҳо: Райан Ҳамид, 17 (1:0), Руслан Хайлоев, 23 (1:1), Ҳайтам Асирӣ, 45+8 (2:1), Айман Яҳё, 55 (3:1), Айман Яҳё, 61 (4:1), Рустам Соиров, 64 (4:2).

Даври дуюм

Тоҷикистон – Ироқ – 2:4

Голҳо: Муҳаммад Мунтадир, 14 (0:1). Алӣ Ҷассим, 22 – аз пеналти (0:2). Рустам Соиров, 45+9 – аз пеналти (1:2). Ҳамид Ҳасан, 56 (1:3). Саъд Қаррор, 87 (1:4). Меҳрон Мадаминов, 90+5 (2:4).

Тайланд – Арабистони Саудӣ – 0:5

Голҳо: Айман Яҳё, 4 (0:1), Аҳмад Ал-Ғамдӣ, 45+1 (0:2), Абдуллоҳ Радиф, 45+7 (0:3), Абдуллоҳ Радиф, 49 (0:4), Абдуллоҳ Радиф, 73 (0:5).

Даври сеюм

Тайланд – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Манучеҳр Сафаров, 90+1, (0:1).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубон Каримов, Фахриддин Аҳтамов, Манучеҳр Сафаров, Абдулло Шарипов (Шаҳром Самиев, 64), Шуҳрат Элмуродов (Далер Шарипов, 90), Ҳамадонӣ Камолов, Алишер Шукуров, Руслан Хайлоев (Азизбек Ҳаитов, 46), Меҳрон Мадаминов (Рустам Соиров, 46).

Беҳтарин бозигар дидор: Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон).

22-юми апрел. Доҳа. Варзишгоҳи «Ал-Ҷануб». 1498 тамошобин.

Арабистони Саудӣ – Ироқ – 1:2

Голҳо: Алӣ Ҷассим, 45+1 – аз пеналти (0:1), Аҳмад Ал-Ғамдӣ, 45+10 – аз пеналти (1:1), Мустафо Саъдун, 63 (1:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ироқ

3

2

0

1

6-5

6

2

Арабистони Саудӣ

3

2

0

1

10-4

6

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

5-8

3

4

Тайланд

3

1

0

2

2-6

3

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG