Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар мусобиқаи лигаи олӣ пешсафи ягона шуд


Дар даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 19-21-уми апрел баргузор шуд, дар ду бозӣ мизбонон, дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ шуд.

Дар ду бозии даври сеюм, ки 19-уми апрел доир гардид, «Ҳосилот»-и Фархор аз дастаи меҳмон - «Эсхата»-и Хуҷанд – бо ҳисоби 1:2 ва «Панҷшер»-и Балхӣ аз «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд.

Се бозии дигари даври сеюм, ки 20-уми апрел баргузор шуд, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт: КМВА (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0, «Барқчӣ» (Ҳисор) - «Вахш» (Бохтар) – 1:0, «Истиқлол» (Душанбе) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 6:0.

Зимнан, дар бозии қаҳрамони феълии Тоҷикистон - “Истиқлол” ва “Кӯктош”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, се гол ба легионери нави даста Блессинг Элеке марбут аст. Ин аввалин «хет-трик» дар мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ба шумор меравад. Блессинг ва ҳамдастааш Алишер Ҷалилов дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа бо сеголӣ пешсафанд.

Бозии охирини даври сеюми мусобиқа байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд), ки 21-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон «Истиқлол» бо касби 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона шуд.

КМВА бо касби 7 имтиёз дар ҷойи дуюм ва “Ҳосилот”, ки 6 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дастаҳои “Панҷшер” ва “Вахш”дар ду зинаи охири ҷадвал ҷойгир шудаанд.

Пас аз бохти сеюми пайиҳам сармураббии дастаи “Вахш” Тоҳирҷон Муъминов аз вазифааш истеъфо дод. Ин аввалин истеъфои сармураббӣ дар мавсими нави лигаи олӣ мебошад.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 26-28-уми апрел баргузор мешаванд.

Мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ бо иштироки 12 даста то рӯзи 10-уми ноябр идома хоҳад кард. Тибқи низомнома мусобиқа дар ду давра баргузор мешавад, ки дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Даври сеюм

19-уми апрел (ҷумъа)

«Ҳосилот» – «Эсхата» - 1:2

«Панҷшер» – «Истаравшан» - 1:3

20-уми апрел (шанбе)

«Барқчӣ» – «Вахш» - 1:0

КМВА – «Равшан» - 0:0

«Истиқлол» – «Кӯктош – 6:0

21-уми апрел (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» - 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

12-1

9

2

КМВА (Душанбе)

3

2

1

0

6-1

7

3

«Ҳосилот» (Фархор)

3

2

0

1

6-3

6

4

«Равшан» (Кӯлоб)

3

1

2

0

5-3

5

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

2

0

2-0

5

6

«Барқчӣ» (Ҳисор)

3

1

2

0

5-4

5

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

1

1

1

5-5

4

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

3-4

4

9

«Эсхата» (Хуҷанд)

3

1

0

2

3-6

3

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

0

1

2

0-8

1

11

«Панҷшер» (Балхӣ)

3

0

0

3

2-8

0

12

«Вахш» (Бохтар)

3

0

0

3

0-6

0

Даври чорум

26-уми апрел (ҷумъа)

«Истаравшан» - КМВА

«Кӯктош - «Барқчӣ»

27-уми апрел (шанбе)

«Эсхата» - «Равшан»

«Вахш» - «Панҷшер»

«Ҳосилот» - «Регар-ТадАЗ»

28-уми апрел (якшанбе)

«Хуҷанд» - «Истиқлол»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG