Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти Украина ба кӯмаки 61 миллиард долларии Амрико наздиктар шуд


Амрико аз ҳисоби 61 миллиард доллар ба Украина аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ мефиристад, то ба нерӯҳои Русия муқовимат кунад.
Амрико аз ҳисоби 61 миллиард доллар ба Украина аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ мефиристад, то ба нерӯҳои Русия муқовимат кунад.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Амрико баъд аз чанд моҳи баррасӣ тарҳи қарор дар бораи кӯмак ба Украинаро қабул кард.

Дар ин санади 95 миллиард долларӣ ҳамчунин кӯмакҳои моливу низомӣ ба ҳампаймонҳои Амрико, ба мисли Исроил ва Тайван шомил мешавад. Аз ин ҳисоб 61 миллиардро барои Украина ҷудо мекунанд. Ба тарафдории қабули қарор 311 нафар ва мухолифи он 112 вакил раъй доданд. Бар асоси санад, ба Украина аслиҳаву муҳимоти зарурӣ медиҳанд, то ба неруҳои Русия муқовимат кунад, ки ду сол пеш ба Украина ҳамла карданд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз қабули қарор дар Вашингтон изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки ин санад “ҷони ҳазорону ҳазорон нафарро аз марг наҷот медиҳад”. Ӯ рӯзи 21-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, “Мо умедворем, тарҳи қонунҳо дар Сенат дастгирӣ меёбанд ва барои имзо рӯи мизи раиси ҷумҳур Байден гузошта мешаванд. Ташаккур, Амрико”.

Ҳукумати Русия дар вокуниш гуфт, ин қарори Амрико “ба хотири режими Украина” сабаби марги украиниҳои бештар мешавад. Дар баёнияи Русия омадааст, ҳадаф аз кӯмак, “сарватманд” кардани Иёлоти Муттаҳида ва “вайронтар” кардани Украина аст. Киев, ки аз соли 2014 бо ҷудоиталабони тарафдори Русия меҷангад, аз моҳи феврали соли 2022 ба ҷанги васеъмиқёси бедалели Русия дучор шуд.

Ба бастаи санадҳо, ки вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи шанбе барои онҳо раъй доданд, тарҳи чаҳор қонун шомил мешуд ва ҳамаи онҳо аз тарафи вакилони ҳарду ҳизб дастгирии васеъ ёфтанд. Ҳарчанд теъдоде аз вакилони муҳофизакори сарсахт аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ мухолифи қабули тарҳ буданд. Акнун бастаи санадҳоро барои раъйгирӣ ба Сенат, палатаи болоии Конгресс ва ё порлумони Амрико мефиристанд, ки аксарияти аъзои онро вакилони демократ ташкил медиҳанд. Интизор меравад, ки Сенат тарҳҳоро тасвиб карда ва барои имзо ба раиси ҷумҳури Амрико мефиристад. Ҷо Байден аз ҳоло аз вакилони Сенат хостааст, ки санадҳоро ҳарчӣ зудтар барои имзо ба ӯ бифристанд.

Конгресси Амрико аз тирамоҳи соли гузашта сари кӯмаки низомӣ ба Украина ихтилофи назар дошт, чун вакилони Ҳизби демократ ва ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар бораи он назарҳои гуногун доштанд. Вакилони ҷумҳурихоҳ мегуфтанд, ки ҳукумат ба ҷойи кӯмак ба Украина бояд сари масоили дохилӣ аз ҷумла, ҳимояти марзҳои Амрико ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунии зиёд ба кишвар пул харҷ кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG