Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи беш аз 51 ҳазор сарбозу афсари кушташудаи рус пайдо шудааст


Маросими ҷанозаи як афсари рус, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст
Маросими ҷанозаи як афсари рус, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст

Хабарнигорони бахши русиии Би-би-си ва "Медиазона" то рӯзи 19-уми апрел дақиқ кардаанд, ки беш аз 51 ҳазор нафар аз ҷониби Русия дар ҷанги Украина кушта шудааст.

Эҳтимол шумораи дақиқи кушташудагон дар ҷанги Украина аз тарафи Русия бештар бошад, вале хабарнигорон танҳо ному насаб ва шахсияти беш аз 51 ҳазор нафарро пайдо карданд.

Хабарнигорон дар ин миён исми 9372 маҳбусро пайдо карданд, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд.

Мақомоти рус маҳбусонро ба ҷанг дар Украина ҷалб кардаанд. Маҳбусонро бештар ба саффи пеши ҷанг фиристодаанд, ки аксари онҳо кушта шудаанд.

Дар ин феҳраст, журналистон дақиқ карданд, ки 43 дар сади кушташудагон сарбозону афсарони касбӣ набудаанд.

Би-би-си ва "Медиазона" ному насаби ин афродро аз қавли наздикони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои маҳаллӣ, лавҳаи болои гуру дигар навиштаҳо пайдо кардаанд. Танҳо исми афродеро дар ин рӯйхат ҷой додаанд, ки таҳқиқи рӯзноманигорон дурустии кушта шудани онҳоро исбот кардааст.

Хабарнигорон гуфтаанд, ки садҳо номи дигарро дар даст доранд, ки ҳанӯз пурра кушта шудани онҳо дар ҷангро тасдиқ накардаанд.

Мақомоти рус аз ошкор кардани теъдоди кушташудаҳо дар ҷанги Украина худдорӣ мекунанд.

Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 25-уми феврал гуфта буд, ки дар ин ҷанг 31 ҳазор сарбозу афсари украинӣ кушта шудааст.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина бедалел ҳамла кард. Дар ин ҷанг миллионҳо нафар бехона шуданд ва ҳазорон нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG