Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки Темур Раҳимов бо 8 ҳамдастааш дар қаҳрамонии ҷудои Осиё


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг ширкат мекунанд. Мусобиқа рӯзҳои 20-22-юми апрел хоҳад гузашт.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонгконг иштироки 272 варзишгар (166 мард ва 106 зан) аз 36 кишвар дар назар аст. Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) дохиланд:

-60 кг – Меҳрзод Суфиев

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён

-90 кг – Шодмон Ризоев

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

+100 кг – Темур Раҳимов

-52 кг – Аҳлия Муъминова.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов баъди табобати тӯлонии ҷароҳати бардоштааш дар мавсими гузашта бори аввал дар мусобиқоти имсола иштирок хоҳад кард.

Феълан ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5825 имтиёз баъди Инал Тасоеви русиягӣ (6200 имтиёз) дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

Барномаи мусобиқа:

20-уми апрел (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

21-уми апрел (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

22-юми апрел (душанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи қитъавӣ имкони касби имтиёзҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 доранд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, паҳлавонони тоҷик дар ҷамъомади муштараки таълимию тамринӣ, ки дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки дастаҳои мунтахаби тақрибан 40 кишвар баргузор шуд, ширкат варзида, ба мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии ҷудои Осиё омодагӣ диданд.

XS
SM
MD
LG