Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FH: Низоми худкома дар Узбекистон "реша медавонад"


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, бо Александр Лукашенко ва Владимир Путин
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, бо Александр Лукашенко ва Владимир Путин

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Freedom House" ё "Хонаи Озодӣ" дар гузориши солонаи худ Узбекистонро кишваре номидааст, ки дар он нишонаҳои низоми худкома тақвият меёбанд.

Гузориши созмон, ки таҳти унвони "Кишварҳои дар ҳоли гузор - 2024" нашр шудааст, вазъи 29 кишварро фаро мегирад.

Узбекистон дар баробари Озарбойҷон, Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба "гуруҳи давлатҳое шомил шуда, ки дар онҳо нишонаҳои низоми худкома тақвият меёбанд".

Дар радабандии имсолаи созмон дар бораи ҳуқуқи инсон ва демократия, Узбекистон ҳамагӣ 1,18 хол гирифтаааст, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта (1,21 хол) бадтар аст. Баҳои баландтарин 7 аст.

"Freedom House" дар гузориши худ ҳамчунин аз раъйпурсии баҳсбарангези Узбекистон дар соли гузашта ёдовар шудааст, ки дар пайи ислоҳи Конститутсия ба президенти кунунии кишвар Шавкат Мирзиёев имкон дод, то соли 2037 дар қудрат монад.

Тоҷикистон дар раддабандии имсола 1 хол гирифта, як зина болотар аз Туркманистон ҷой гирифтааст. Рейтинги демократия дар Қирғизистон (1,64) ва Қазоқистон (1,29) ҳам поин рафтааст.

XS
SM
MD
LG