Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Гран-Прии самбо


Абдуҷаббор Сафаров, паҳлавони тоҷик, дар даври аввали мусобиқаи байнулмилалии Гран-Прии самбо, ки 18-уми апрел дар шаҳри Кемеровои Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи самбои Русия, дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ варзишгарон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд.

Паҳлавони тоҷик Абдуҷаббор Сафаров дар рақобатҳо дар вазни 98 кило мақоми севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар ин вазн Сергей Кузнетсови русиягӣ дар финал бар ҳамватанаш Андрей Аюбов ғолиб омада, бо медали тилло сарфароз гашт. Аюбов бо медали нуқра, инчунин Владимир Портишев (Русия) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Мусобиқаи мазкур миёни мардон дар ҳафт вазн сурат гирифт. Дар ҳар як вазн чаҳор варзишгар ширкат дошт: ду гуштигире, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Русия роҳ ёфтанд, инчунин як варзишгари хориҷӣ ва як намояндаи минтақаи мизбони Гран-Прии самбо.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 1 миллион рублро ташкил медод. Гуштигироне, ки дар ин даври мусобиқа ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, моҳи декабр дар финали Гран-Прии самбо дар Қазони Тотористон иштирок мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-Прии самбо дар Кемерово:

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Ягунов Максим (Русия)

2. Шишкин Денис (Русия)

3. Тилеккабулов Жалгас (Қазоқистон)

3. Мамедов Комрон (Русия)

64 кг

1. Яковлев Денис (Русия)

2. Гомлешко Анзор (Русия)

3. Донтсов Григорий (Русия)

3. Олимҷонов Сардор (Узбекистон)

71 кг

1. Наш Расул (Русия)

2. Турсунов Алӣ (Русия)

3. Абрахамян Давит (Арманистон)

3. Юдиков Иля (Русия)

79 кг

1. Сухопаров Егор (Русия)

2. Пахомов Иван (Русия)

3. Рубан Михаил (Русия)

88 кг

1. Панов Владислав (Русия)

2. Кирюхин Сергей (Русия)

3. Шишкин Евгений (Русия)

3. Кухаренко Михаил (Беларус)

98 кг

1. Кузнетсов Сергей (Русия)

2. Аюбов Андрей (Русия)

3. Сафаров Абуҷаббор (Тоҷикистон)

3. Портишев Владимир (Русия)

+98 кг

1. Брачев Антон (Русия)

2. Онишенко Владислав (Русия)

3. Мишунин Аким (Русия)

3. Токтогонов Бекболат (Қирғизистон)

Ҳамзамон мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба поён расид. Инҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд: Эмомалӣ Қурбонов (53 кг), Масъуд Куканшоев (58 кг), Сорбон Латифов (64 кг), Муҳаммад Раҷабов (71 кг), Деваштич Убайдӣ (79 кг), Зафар Олимшоев (88 кг), Комрон Карликов (98 кг) ва Хуршед Маҷидов (+98 кг).

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG