Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Амрико ба зидди Эрон


Вазорати молияи Амрико рӯзи 18-уми апрел дар баёнияе гуфт, Иёлоти Муттаҳида пас аз ҳамлаи Эрон ба Исроил ба зидди Ҷумҳурии Исломӣ таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Бастаи нав, ба гуфтаи мақомот, бахши истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Эрон ҳадаф хоҳад гирифт.

Дар баёнияи Вазорати молияи Амрико аз Kimia Part Sivan (KIPAS) ва ширкатҳои дигар ном бурдаанд.

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрели имсол ба тарафи Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин сар дод. Исроил гуфт, аксари онҳоро бо ёрии ҳампаймонҳояш дар фазо аз байн бурд.

Ба гузориши расонаҳо, Исроил дар як тасмими ҷавобӣ субҳи 19-уми апрел ба Эрон ҳамла кардааст.

XS
SM
MD
LG