Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби навбатии дастаи олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё Ироқ мебошад


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар дувумин бозиаш дар  марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар бо тими Ироқ рақобат мекунад.

Бозии даври дувуми гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ шаби ҷумъаи 19-уми апрел дар шаҳри Доҳа, дар варзишгоҳи Ал-Ҷануб, соати 21:00 бо вақти маҳаллӣ (23:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар гурӯҳи умумии дастаи олимпии кишвар зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 22 бозигар қарор дорад. Нимҳимоятгари бошгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе Абдулло Шарифов ба даста ҳамроҳ шуд.

Бояд гуфт, дастаи Тоҷикистон дар Қатар боз ба мушкилии кадрӣ мувоҷеҳ гардид. Бозигари бошгоҳи «Ҳосилот»-и Фархор Шоҳрух Сангов, ки метавонист ҳам ба ҳайси ҳимоятгар ва ҳам нимҳимоятгар бозӣ кунад, дар Ҷоми Осиё-2024 ба даста кӯмак карда наметавонад, зеро ки зонуяш лат хӯрдааст.

Қаблан бозигарони тими олимпии кишвар Фаридун Давлатов, Содиқҷон Қурбонов ва Алиҷони Бӯризод осеб дида буданд.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои Тайланд ва Арабистони Саудӣ 19-уми апрел дар Варзишгоҳи байнулмилалии Халифаи Доҳа соати 20:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “С” дастаи мунтахаби олимпии Тайланд тими ҷавонони Ироқро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А: Қатар, Австралия, Урдун, Индонезия.

Гурӯҳи В: Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Чин.

Гурӯҳи “С”: Арабистони Саудӣ, Ироқ, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи “D”: Узбекистон, Ветнам, Кувайт, Малайзия.

Гурӯҳи “С”

Даври якум

Ироқ – Тайланд – 2:0

Голҳо: Варис Чулзонг, 26 (0:1), Тирасак Поирҳимай, 65 (0:2).

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 4:2

Голҳо: Райан Ҳамид, 17 (1:0), Руслан Хайлоев, 23 (1:1), Ҳайтам Асирӣ, 45+8 (2:1), Айман Яҳё, 55 (3:1), Айман Яҳё, 61 (4:1), Рустам Соиров, 64 (4:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

4-2

3

2

Тайланд

1

1

0

0

2-0

3

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

2-4

0

4

Ироқ

1

0

0

1

0-2

0

Натоиҷи бозиҳо дар гурӯҳҳои дигар:

Даври аввал


15-уми апрел (душанбе)

Австралия – Урдун – 0:0

Қатар – Индонезия – 2:0

16-уми апрел (сешанбе)

ҶопонЧин – 1:0

Кореяи Ҷанубӣ – Иморот – 1:0

17-уми апрел (чоршанбе)

Узбекистон – Малайзия – 2:0

Ветнам – Кувайт – 3:1

Даври дувум

18-уми апрел (панҷшанбе)

Индонезия – Австралия – 1:0

Урдун – Қатар – 1:2

19-уми апрел (ҷумъа)

Чин – Кореяи Ҷанубӣ, 18:00

Иморот – Ҷопон, 20:30

Тайланд – Арабистони Саудӣ, 20:30

Тоҷикистон – Ироқ, 23:00

20-уми апрел (шанбе)

Малайзия – Ветнам, 18:00

Кувайт - Узбекистон, 20:30

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG