Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар ҷанги Ғазза ҳудуди 14 ҳазор кӯдак кушта шудаанд


Мудири масъули Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ рӯзи 17-уми апрел эълон кард, ки аз оғози даргириҳо дар Ғазза (аз 7-уми октябри соли 2023 то кунун) беш аз 13 ҳазору 800 кӯдаки фаластинӣ кушта шудаанд.

Катерина Русселл дар нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк гуфт, "ҳазорон нафар захмӣ шудаанд ва ҳазорон нафари дигар дар остонаи гуруснагӣ ҳастанд".

Катерина Русселл рӯзи 16-уми апрел дар баёнияи алоҳидае дар бораи ҷанг дар Ғазза гуфта буд, "ин кӯдакон нестанд, ки ҷангро оғоз мекунанд ва онҳо наметавонанд ба он поён диҳанд, аммо ҳамеша баҳои сангинро онҳо мепардозанд".

Ӯ афзуда буд, "ба хотири ҳамаи кӯдакон аз тарафҳои даргир мехоҳам, ки гаравгонҳои исроилиро озод кунанд, оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро амалӣ кунанд ва дастрасиро ба ёриҳои башардӯстона бе ягон маҳдудият фароҳам намоянд ва аз ҳар гуна хушунати бештар алайҳи кудакон худдорӣ варзанд".

Ба гузориши CNN, ниҳоди Созмони Милал барои баробарии ҷинсӣ ва тавонмандсозии занон ҳам дар баёнияи алоҳида эълон кард, ки ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза захмӣ ё кушта мешавад.

Ин баёния меафзояд, ки беш аз 10 ҳазор зан дар Ғазза аз замони оғози ҷанг кушта шудаанд, ки аз ин шумор 6 ҳазор нафари онҳо модар буданд. Дар натиҷа 19 ҳазор кӯдак ятим шудаанд.

Як мутахассиси ЮНИСЕФ, ки ахиран аз Ғазза боздид кардааст, рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Женева гуфт, ончӣ ӯро таҳти таъсир қарор дод, шумораи зиёди кӯдакони захмӣ дар минтақа буд.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати гурӯҳи тундрави "Ҳамос" аст, аз оғози ҷанг дар Ғазза зиёда аз 33 ҳазор нафар кушта ва беш аз 74 ҳазор захмӣ шудаанд.

Ҷанги охир дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ин рӯз гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, ба Исроил ҳамла кард ва ҳудуди 1200 нафарро кушт ва 240 каси дигарро ба гарав бурд. Пас аз он Исроил ба Ғазза юриш бурд ва зербиноҳои аслии онро аз байн бурд.

Аз он замон то кунун даргириҳо миёни ду тараф идома дорад ва талошҳо барои барқарории оташбас бенатиҷа будааст. Таҳаввулоти охир дар минтақа бо ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар пойтахти Сурия ва ҳамлаи ҷавобии Эрон ба Исроил қазияи Ғаззаро вориди марҳилаи дигар кард. Нигарониҳо аз васеътар шудани миқёси даргириҳо дар Ховари Миёна низ афзудааст.

XS
SM
MD
LG