Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Демократия дар Осиёи Марказӣ камтар мешавад"


Нишондодҳои демократӣ дар Аврупои Марказӣ ва Осиёи Марказӣ дар 20 соли охир пайи ҳам дар ҳоли коҳиш ёфтан ҳастанд.

Дар ин бора дар гузориши солонаи созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom House ("Кишварҳои дар ҳоли гузор - 2024") зикр шудааст. Ин гузориш вазъро дар 29 кишвари минтақа фаро мегирад.

Ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, низоъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ ва рӯйдодҳои дигари солҳои охир бозсозии геополитикиро дар минтақа тезонидаанд. "Кишварҳо ба ду сангари муқобил тақсим шудаанд: онҳое, ки ба озодиву тартиботи демократӣ содиқанд ва онҳое, ки инҳоро рад мекунанд", - омадааст дар гузориш.

Рейтинги демократия дар як соли охир якбора дар 10 кишвари минтақа коҳиш ёфта, танҳо дар 5 кишвар беҳтар шудааст. "Лаёқат надоштани минтақа"-ро ба тақвияти демократия коршиносон ба роҳбарони худкомаву зиддидемократӣ рабт медиҳанд.

Freedom House Озарбойҷон, Беларус, Русия ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба "низомҳои муттаҳидшудаи худкома" рабт додааст. Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Маҷористон, Украина - дар маҷмуъ 11 кишварро ин созмон ба "низомҳои транзитӣ ва ё гибридӣ" шомил сохтааст.

Дар радабандии имсолаи Freedom House ё "Хонаи Озодӣ" дар мавриди ҳуқуқи инсон ва демократия, Тоҷикистон ҳамагӣ 1 хол гирифта, як зина болотар аз Туркманистон ҷой дорад. Баҳои баландтарин дар гузориш 7 аст.

XS
SM
MD
LG