Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талошҳо барои бастани TikTok дар Қирғизистон


Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи алоқаи Қирғизистон аз ширкатҳои интернетрасон хостааст, ки дастрасиро ба TikTok маҳдуд кунанд.

Дар дархост гуфта шудааст, ки дар TikTok "муҳтаво, ба вижа муҳтавое, ки ба кӯдакон рабт дорад, ба таври бояду шояд сензура намешавад".

Бори аввал нест, ки дар Қирғизистон талоши бастани шабакаи мазкурро мекунанд.

Олтинбек Токторбоев, раиси Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи алоқаи Қирғизистон, рӯзи 19-уми декабри соли 2023 гуфта буд, барои бастани TikTok дар ҳудуди Қирғизистон қарори додгоҳ лозим аст, ки чунин қарор ҳанӯз содир нашудааст.

Токторбоев он замон афзуда буд, Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон бо намояндагони TikTok оид ба бастин он гуфтугӯ доранд.

Моҳи октябри соли 2023 намояндаи вазорати фарҳанги Қирғизистон гуфта буд, ки вазорати рушди рақамӣ ҳангоми бастани TikTok ба мушкилиҳои техникӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Вазорати фарҳанги он кишвар қарори бастани TikTok-ро ҳанӯз 30-юми августи соли 2023 содир карда буд. Вазорат он замон гуфт, "муҳтавои ин шабака ба ҳолати эҳсосии насли наврас таъсири манфӣ мерасонад". Бархе аз фаъолони шабакаи мазкур ба ин тасмими вазорат зид баромада буданд.

XS
SM
MD
LG