Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ва Қатар шарики стратегӣ шудаанд


Тошканд, 15-уми апрели 2024
Тошканд, 15-уми апрели 2024

Узбекистон ва Қатар созишномаро дар бораи шарикии стратегӣ имзо карданд.

“Имрӯз бо сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ дар шаҳри Тошканд созишномаро дар бораи барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегии дуҷониба ба имзо расондем,” -- навиштааст вазири умури хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов дар Телеграм.

Қатар яке аз нахустин кишварҳои арабӣ аст, ки моҳи декабри соли 1991 истиқлоли Узбекистонро эътироф кардааст.

Бо вуҷуди он ки Узбекистон муносибатҳои дипломатиро бо Қатар соли 1997 барқарор кард, равобити ду кишвар дар давраи президенти пешин Ислом Каримов, давоми 20 сол, чандон хуб ва наздик набуданд.

Робитаҳои Тошканд ва Давҳа баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон беҳтар шуданд. Президенти Узбекистон моҳи октябри соли 2023 сафари давлатиеро ба Қатар анҷом дод ва амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ низ моҳи декабри соли гузашта ба Узбекистон рафта буд.

XS
SM
MD
LG