Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷиронро дар ду минтақаи Сибир аз баъзе корҳо маҳрум карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Новосибири Русия муҳоҷирони меҳнатиро аз таксиронӣ ва фурӯши обу сигор маҳрум карданд.

Бино ба қарори волии вилоят Андрей Травников аз 15-уми апрел корхонаҳое, ки дар ин бахшҳо кор мекунанд, бояд "теъдоди коргаронашонро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи қарор ба танзим дароранд".

Дар қарор омадааст, ки ин тасмим "бо ҳадафи таъмини амнияти миллӣ, бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолии вилояти Новосибирск" гирифта шуд.

Виолии Камчаткаи Русия Владимир Солодов низ рӯзи 16-уми апрел муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум кард.

"Ман бар ин назарам, ки ин тасмим ва сахттар кардани сиёсати муҳоҷират дар умум бозори мусофиркашониро бехатар хоҳад кард", - навишт Солодов дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Баъд аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав, ки ба иттилои расмии мақомоти Русия, онро шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом додаанд, муҳоҷирбадбинӣ дар он кишвар афзудааст.

XS
SM
MD
LG