Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2024: Шикасти дастаи олимпии Тоҷикистон аз Саудӣ


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар  марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 16-уми апрел дар шаҳри Доҳа, дар Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа, доир гардид.

Се гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Райан Ҳамид, бозигари тими Арабистони Саудӣ, дар дақиқаи 17-ум ҳисобро кушод. Вай тӯби аз бурҷи майдон задаи Муҳаммад Абу Ал-Шаматро бо зарбаи сар аз мобайни ҷаримагоҳ ба кунҷи чапи дарвоза ворид кард..

Баъди шаш дақиқа футболбозони ҷавони тоҷик ҳисобро баробар намуданд. Руслан Хайлоев бо пойи чап аз мобайни ҷаримагоҳ зарба зад ва тӯб ба кунҷи рости поёнии дарвоза даромад.

Барои ҷуброни вақти талафшуда ба нимаи аввали дидор 9 дақиқа зам карда шуд. Дар замони изофа (45+8) Ҳайтам Асирӣ, бозигари саудиҳо, тӯбро бо пойи рост аз мобайни ҷаримагоҳ ба маркази дарвоза зада, тимашро ба пеш баровард. Дастаҳо бо ҳисоби 2:1 ба суди мунтахаби Арабистони Саудӣ ба танаффус баромаданд.

Се голи дигар дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Айман Яҳё, бозигари Арабистони Саудӣ, дар дақиқаи 55-ум ҳисобро афзун кард. Вай голи сеюми арабҳоро бо пойи чап берун аз ҷаримагоҳ ба кунҷи чапи поёнии дарвоза зад.

Пас аз шаш дақиқа боз Айман Яҳё муваффақ гашт. Ин дафъа ӯ тӯбро бо пойи чап ба кунҷи рости поёнии дарвоза ворид намуда, ҳисобро 4:1 кард.

Голи охиринро дар ин дидор дар дақиқаи 64-ум Рустам Соиров, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, ба самар расонд. Вай тӯби ирсолкардаи ҳамдастааш Ҳамадонӣ Камоловро аз мобайни ҷаримагоҳ бо пойи чап ба бурҷи чапи дарвоза зад.

Ҳамин тариқ, ин бозии пургол бо ҳисоби 4:2 ба нафъи тими мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ хотима ёфт. Бозӣ муқобили қаҳрамони феълии Осиё нишон дод, ки хатти дифоъи дастаи олимпии Тоҷикистон заиф аст ва бозии дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов ҳам мувофиқи матлаб нест.

Ба иттилои Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ҳангоми омодагӣ ба Ҷоми Осиё бархе аз бозигарон ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҷалб шуда буданд, бинобар ин онҳо дертар ба дастаи олимпӣ пайвастанд, баъзеи дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “С” дастаи мунтахаби олимпии Тайланд тими ҷавонони Ироқро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Чулзонг (26) ва Поирҳимал (65) ба самар расонданд.

Ҷоми Осиё-2024 бо ду бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “А” 15-уми апрел шуруъ шуда буд. Дастаи мизбон – Қатар – тими Индонезияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Холид Алӣ (45+1 - аз пеналти) ва Аҳмад Ал-Ровӣ (54) заданд.

Бозии дигари даври аввали гурӯҳи “А” байни дастаҳои Австралия ва Урдун бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

16-уми апрел ду бозии даври аввал дар гурӯҳи “В” баргузор шуд, ки натиҷаҳояш чунин аст: Ҷопон – Чин – 1:0 (Курию Матсуки, 8) , Кореяи Ҷанубӣ – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 1:0 (Ли Янг-Ҷун, 90+4).

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “С” ду бозии боқимондаро бо тимҳои мунтахаби Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) баргузор мекунад.

Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А: Қатар, Австралия, Урдун, Индонезия.

Гурӯҳи В: Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Чин.

Гурӯҳи “С”: Арабистони Саудӣ, Ироқ, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи “D”: Узбекистон, Ветнам, Кувайт, Малайзия.

Бозиҳои даври аввал


15-уми апрел (душанбе)

Австралия – Урдун – 0:0

Қатар – Индонезия – 2:0

16-уми апрел (сешанбе)

Ҷопон Чин – 1:0

Кореяи Ҷанубӣ – Иморот – 1:0

Ироқ – Тайланд – 2:0

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 4:2

Голҳо: Райан Ҳамид, 17 (1:0), Руслан Хайлоев, 23 (1:1), Ҳайтам Асирӣ, 45+8 (2:1), Айман Яҳё, 55 (3:1), Айман Яҳё, 61 (4:1), Рустам Соиров, 64 (4:2).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Манучеҳр Сафаров (капитан), Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов (Ҷонибек Шарипов, 74), Алишер Шукуров (Тоҳирҷон Тағойзода, 65), Шуҳрат Элмуродов, Меҳрубон Каримов, Руслан Хайлоев (Ҷомӣ Назаров, 83), Ҳамадонӣ Камолов, Меҳрон Мадаминов (Рустам Соиров, 46), Шаҳром Самиев (Далер Шарипов, 84).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

4-2

3

2

Тайланд

1

1

0

0

2-0

3

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

2-4

0

4

Ироқ

1

0

0

1

0-2

0

Бозиҳои боқимондаи даври якум:

17-уми апрел (чоршанбе)

Узбекистон - Малайзия, 18:00

Ветнам - Кувайт, 20:30

Даври дувум

18-уми апрел (панҷшанбе)

Индонезия – Австралия, 18:00

Урдун – Қатар, 20:30

19-уми апрел (ҷумъа)

Чин – Кореяи Ҷанубӣ, 18:00

Иморот – Ҷопон, 20:30

Тайланд – Арабистони Саудӣ, 20:30

Тоҷикистон – Ироқ, 23:00

20-уми апрел (шанбе)

Малайзия – Ветнам, 18:00

Кувайт - Узбекистон, 20:30

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.

XS
SM
MD
LG