Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозии дастаи олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Саудӣ доир мегардад


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, нахустин бозиашро бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбе, 16-уми апрел, дар шаҳри Доҳа, дар Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа соати 21:00 бо вақти маҳаллӣ (23:00 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

14-уми апрел дар арафаи Ҷоми Осиё-2024 миёни бозигарони то 23-сола дар меҳмонхонаи «Dusit D2 Salwa»-и шаҳри Доҳа бо ширкати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд.

Дар он намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурони дастаи олимпии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба капитани даста Манучеҳр Сафаров парчами рамзии Ҷоми Осиё-2024 тақдим шуд.

Бояд гуфт, ки дар тамоми бозиҳои Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар Қатар системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё бозии Ҷоми Осиё-2024 миёни бозигарони то 23-соларо байни дастаҳои мунтахаби олимпии Қатар ва Индонезия ба ҳайати доварон аз Тоҷикистон вогузор кардааст.

Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Насрулло Кабирови 38-сола сардовари ин бозӣ таъйин шуд.ааст Ба ӯ ёварони довари FIFA Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кӯмак мекунанд.

Бозии даври аввали гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Индонезия 15-уми апрел дар варзишгоҳи Ҷосим Бин Ҳамади шаҳри Доҳа соати 20:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Мубин Эргашев ба Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудааст, ки 7 нафарашон легионер мебошанд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар дар гурӯҳи “С” бо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) рақобат мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):

Дарвозабонҳо: Мухриддин Ҳасанов («Истиқлол», Душанбе), Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд», Хуҷанд), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Равшан», Кӯлоб);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»), Ҳайдар Сатторов, Бекмурод Ҳаитов (ҳарду аз «Вахш», Бохтар), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарипов (КМВА, Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Алишер Шукуров («Динамо», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarriа», Испания), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Шуҳрат Элмуродов, Фаридун Давлатов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Шоҳрух Сангов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Ҳосилот», Фархор);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров, Меҳрон Мадаминов (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А: Қатар, Австралия, Урдун, Индонезия.

Гурӯҳи В: Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Чин.

Гурӯҳи “С”: Арабистони Саудӣ, Ироқ, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи “D”: Узбекистон, Ветнам, Кувайт, Малайзия.

Бозиҳои даври аввал

15-уми апрел (душанбе)

Австралия - Урдун, 18:00

Қатар - Индонезия, 20:30

16-уми апрел (сешанбе)

Ҷопон - Чин, 18:00

Ироқ - Тайланд, 20:30

Кореяи Ҷанубӣ - Иморот, 20:30

Арабистони Саудӣ - Тоҷикистон, 23:00

17-уми апрел (чоршанбе)

Узбекистон - Малайзия, 18:00

Ветнам - Кувайт, 20:30

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд. Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG