Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Британиё тиҷорати металҳои тавлиди Русияро манъ карданд


ИМА ва Британия фурӯши алюминий, мис ва никели тавлиди русияро дар биржа ё бозорҳои Чикаго ва Лондон манъ карданд. Дар ин бора Вазорати молияи ИМА ва ҳукумати Бритониё хабар додааст.

"Бо қабули қарори муштарак, ИМА ва Бритониё Русия ва истеҳсолкунандагони метали онро аз як манбаи муҳими даромад маҳрум мекунанд”- омадааст, дар хабарномаи расмӣ.

Аз ин ба баъд, қабули маҳсулоти тавлиди Русия ба биржаи металҳои Лондон (LME) ва биржаи молҳои Чикаго (CME) манъ аст.

Дар баробари ин ИМА воридоти алюминий, мис ва никели тавлиди Русияро манъ кард. Ширкатҳои амрикоӣ дигар ҳақ надоранд аз металҳои истеҳсоли Русия истифода баранд. Ин маҳдудият ба металҳое рабт дорад, ки мӯҳлати тавлидашон аз 13-уми апрел аст.

Ба иттилои мақомоти Бритониё дар пайи таҳримҳои қаблӣ, даромади Русия аз содироти метал дар соли 2023 то 15 млрд доллар коҳиш ёфтааст.

Моҳи декабри соли гузашта Бритониё воридоти металҳои Русия, аз ҷумла алюминий, мис ва никелро манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG