Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CBS аз эҳтимоли ҳамлаи фарогири Эрон ба Исроил хабар дод


Эҳтимол дорад Эрон ба зудӣ ба Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом диҳад. Шабакаи хабарии CBS бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Амрико гузориш додааст, ки ҳамла бо истифода аз 100 бесарнишину даҳҳо мушак сурат хоҳад гирифт.  

Бино ба гузоришҳо ин ҳамлаи ҷавобии Теҳрон ба Исроил аст. Дар ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия рӯзи якуми апрел, 7 узви сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шуда буданд. Эрон ин амалро кори дасти Исроил медонад

Дар маросими ҷанозаи кушташудаҳо, Муҳсин Ризоӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, аз Исроил ҳатман интиқом хоҳанд гирифт. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ҳам ваъда дод, ки қасос мегиранд.

Рӯзи 11- уми апрел Департаменти давлатӣ ба амрикоиҳо дар Исроил ҳушдор дод, ки эҳтиёткор бошанд ва аз шаҳрҳои калон берун нараванд. Ҳамчунин аксар кишварҳои, аз ҷумла Фаронса, Лаҳистон, Ҳиндустону Русия ҳам ба шаҳрвандони худ таъкид карданд, ки аз сафар ба Исроил худдорӣ кунанд.

Бино ба пешбинии таҳлилгароне, ки бо телевизиони CBS суҳбат кардаанд, зарбаи Эрон ба шиддат гирифтани низоъ байни Исроил ва Эрон сабаб мешавад. Дар ҳамин ҳол, ситоди кулли нерӯҳои дифои Исроил гуфтааст, барои муқобила бо ҳар таҳдид омода аст.

Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА рӯзи 11-уми апрел бо вазири дифои Исроил мулоқот кард. Як рӯз қабл аз ин президенти Амрико, Ҷо Байден барои пуштибонӣ аз Исроил изҳорӣ омодагӣ кард ва гуфт "Эрон муваффақ намешавад"

Шоми дирӯз, минтақаи шимоли Исроил мавриди ҳамлаи мушакӣ аз сӯйи Лубнон қарор гирифт. Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” эътироф кард, ки ба минтақаҳои марзии ин кишвар то 50 мушаки навъи “Катюша” партоб кардааст. Артиши Исроил гуфт, аз ин ҳамлаҳо пешгирӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG