Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври дувуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024


Даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ 12-уми апрел оғоз меёбад.

Рӯзи ҷумъа ду бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош» (Рӯдакӣ)– «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор) баргузор мешавад.

Ду бозии дигари даври дувуми мусобиқа рӯзи шанбеи 13-уми апрел байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Бохтар) ва «Эсхата» (Хуҷанд) – КМВА (Душанбе) сурат мегирад.

Даври дувуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 14-уми апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан) – «Барқчӣ» (Ҳисор) ба поён мерасад.

Дар ҳамин ҳол, баъди натиҷагирии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дастаҳои “Истиқлол”, КМВА, “Регар-ТадАЗ”, “Ҳосилот” ва “Хуҷанд”, ки сеимтиёзӣ гирифтаанд, пешсаф мебошанд.

Мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо иштироки 12 даста то рӯзи 10-уми ноябр идома хоҳад кард. Тибқи низомнома мусобиқа дар ду давра баргузор мешавад, ки дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ҳар як тим 22 бозӣ мегузаронад.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

3-1

3

2

КМВА (Душанбе)

1

1

0

0

3-1

3

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

2-0

3

4

«Ҳосилот» (Фархор)

1

1

0

0

2-0

3

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

1

0

0

2-1

3

6

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

1

0

3-3

1

7

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

1

0

3-3

1

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

1

0

0

1

1-2

0

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

0

0

1

1-3

0

10

«Панҷшер» (Балхӣ)

1

0

0

1

1-3

0

11

«Вахш» (Бохтар)

1

0

0

1

0-2

0

12

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

0

0

1

0-2

0

Даври дуюм

12-уми апрел (ҷумъа)

16:00 - «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

16:00 - «Хуҷанд» – «Ҳосилот»

13-уми апрел (шанбе)

16:00 - «Эсхата» – КМВА

18:00 - «Истиқлол» - «Вахш»

14-уми апрел (якшанбе)

16:00 - «Равшан» – «Панҷшер»

16:00 - «Истаравшан» – «Барқчӣ»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG