Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На об, на барқ, на лифт". Баҳси сокинон бо "Хон 2009" дар бораи хонаҳои нотамом


Як бахши бинои нотамом
Як бахши бинои нотамом

Гурӯҳе аз сокинони як бинои 18-ошёна дар Душанбе мегӯянд, аз ночорӣ дар хонаҳое ҷойгир шудаанд, ки на барқ дорад, на об ва на шароити одӣ барои зистан. Ва касе ҳам арзашонро намешунавад. Ширкати бинокорӣ, ки бояд хонаро сохта ба соҳибонашон медод, тақрибан ду сол боз дар анҷоми он таъхир мекунад.

Ба нақли сокинон, бар асоси қарордод бино дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ, наздикии "Сирк", бояд соли 2022 пурра ба истифода дода мешуд. Аз ин муҳлат ду сол гузаштааст, аммо ҳанӯз манзилҳояшон на об дорад, на барқ. Масъулони ширкати бинокор гуфтанд, баъзе аз муштариҳо пули хонаро пурра надодаанд ва аз ин рӯ кори сохтмон тӯл кашид.

Темур Салоҳиддинов бо пуле, ки чанд сол дар Русия кор кардааст, аз ширкати “Хон 2009” манзил харид, то аз иҷоранишинӣ халос шавад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он ки пули хонаро ба ширкат пурра дод, ду сол боз ширкат сохтмони биноро ба поён намерасонад.

"Як ҳафта боз аз ночорӣ дар ҳамин бинои нотамом зиндагӣ дорем. Қариб ду сол иҷора нишастам. Харҷаш дар ин муддат аз 80 ҳазор сомонӣ зиёд шуд. Дигар имкон набуд, маҷбур ба инҷо омадем. Инҷо хатарзо аст, атрофи лифт кушода, на барқ аст ва на об. Ба Додситонии Душанбе ва Раёсати корҳои дохилӣ шикоят кардем, ҷавоб нест,” -- гуфт ӯ рӯзи 13-уми март.

Аксар сокинони ин бино ба мисли Темур Салоҳиддинов ночор дохили хонаҳои нотамомро таъмир карда, зиндагӣ доранд. Ҳамаи онҳо як мушкил доранд: дигар натавонистаанд, ки пули иҷора бидиҳанд.

Тӯтинисои Нурулло, сокини дигари бино, гуфт, шикояти пайвастаи онҳо ба масъулони ширкат натиҷа надод. “Бино нотамому мушкил зиёд, аз роҳрав гирифта то зинапояҳои қисмате аз ин манзилҳо барои зиндагӣ хатарнок аст,” – нақл кард ӯ.

Сокинон мегӯянд, чунин бепарвоии масъулони ширкати сохтмонӣ боис ба марги як ҷавон шудааст. “Ман дар чунин шароит бо се фарзанд зиндагӣ дорам, метарсам. Як марди ҷавон дар шахтаи лифт афтода, мурд. Вай панҷ фарзанд дошт. Дигар чӣ кор кунем?” – гуфт Тӯтинисои Нурулло.

Ин биноро ширкати “Хон 2009” месозад. Масъулони он аз суҳбати видеоӣ худдорӣ карда, вале ба таври худмонӣ гуфтанд, ки баъзе аз муштариҳо пули хонаро пурра надодаанд.

“Ҳамагӣ 15-20 дарсади кори сохтмон мондааст. Як сабаби дигари ба таъхир афтодани кори мо бемории коронавирус буд. Он вақт ширкат натавонист, ки баъзе маҳсулотро саривақт биорад,” – шарҳ дод як масъули ширкат. Сокинон инро баҳонае беш намедонанд ва мегӯянд, ширкат дар чанд ҷойи дигар низ биноҳои нав месозад ва эҳтимол яке аз сабаби таъхир ҳамин аст.

Норозиён иддао доранд, ки масъулони ширкат муддатҳо боз ба инҷо намеоянд ва баъд аз огоҳ шудан аз шикояти онҳо ва ҳузури хабарнигорон дигарбора корро сар карданд. Намояндаи ширкат мегӯяд, онҳо ҳанӯз ба муштариён иҷозаи таъмири хона ва зиндагиро надодаанд.

Бахтиннисо Юсуфова, муштарии ширкат, гуфт: “1,5 сол пеш ба мо гуфтанд, ки омада хонаатонро таъмир кунед. Мо ҳамроҳи шавҳарам дар Маскав будем. Омадем ва хонаро таъмир кардем, вале илоҷи зистан нест. Ҳеч не, ки биноро таъмир карда, ба истифода диҳанд.”

Дар гузашта ҳам шикояти сокинони биноҳои навбунёд дар пайванд ба пурра анҷом нашудани сохтмони манзилҳояшон ва сифати пасти онҳо дар шаҳри Душанбе сабт шудааст. Масъулони чанд ширкати бинокор ҳам ба гуноҳи қаллобӣ ба зиндон рафтаанд.

Дар солҳои охир сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе афзудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ба ин восита мушкили камбуди хона ҷуброн хоҳад шуд, аммо на ҳама аз сифати сохтмонҳо розӣ ҳастанд. Мақомот, ки иҷозаи бунёди хонаро медиҳанду масъули қабулаш ҳастанд, баъзе камбудҳоро эътироф карда, вале омори биноҳои "мушкилдор"-ро нагуфтаанд.

Пештар шаҳрдории Душанбе дастур дода буд, ки назоратро аз болои кори ширкатҳои бинокор сахттар кунанд. Хабарнигорони мо барои огоҳӣ аз вазъ ба шаш бинои навсохт дар пойтахт рафтанд. Сокинони ин биноҳо гуфтанд, аз лаҳзаи сохтмон аз се то ҳашт сол гузаштааст, вале бо мушкили зиёд рӯбарӯянд ва ҳанӯз на ҳуҷҷат доранд, на шароити хуби зиндагӣ.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Дар шахта афтоду фавтид, 5 фарзанд дошт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
XS
SM
MD
LG