Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусиҳо гуфтанд, як ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро задаанд


Шӯришиёни ҳусии Яман
Шӯришиёни ҳусии Яман

Шӯришиёни ҳусии Яман иддао кардаанд, ки як ҳавопаймои бесарнишини MQ-9-и нерӯҳои ҳавоии Амрикоро сарнагун карданд.

Ба гузориши “Ассошиэйтед Пресс”, шӯришиёни ҳусӣ, ки аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешаванд, акси боқимондаҳои ҳавопайморо нашр карда, гуфтаанд, онро бо мушак нишон гирифтанд.

Ҳусиҳо иддао кардаанд, ки ҳавопайморо рӯзи панҷшанбеи 25-уми апрел дар вилояти Саъдаи Яман сарнагун кардаанд.

Сухангӯйи Пентагон ё Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида дар мусоҳиба бо “Ассошиэйтед Пресс” тасдиқ кардааст, ки як ҳавопаймои бесарнишини нерӯҳои ҳавоии Амрико MQ-9 дар Яман афтодааст.

Вай бе овардани ҷузъиёт афзудааст, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG