Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бухоро дар замони роҳбарии Мирзиёев боз вайрон мешавад"


Тахриби биноҳо дар Бухоро 26-уми феврали имсол сар шудааст
Тахриби биноҳо дар Бухоро 26-уми феврали имсол сар шудааст

Вайрон кардани баъзе аз биноҳо дар бахши таърихии шаҳри Бухоро баҳсбарангез шуд. Намояндагони ҳукумати Узбекистон онро ба бунёди Маҷмааи сайёҳии "Бухорои абадӣ" рабт доданд.

Яке аз блогерон амали мақомотро "ҷиноят" ва "қонуншиканӣ" номид. "Чизе, ки ҳоло дар Бухоро рух медиҳад ҷиноят аст ва ин вайронгариҳо дар таърих ҳамчун яке аз рӯзҳои сиёҳи Узбекистон сабт мешаванд," -- гуфт ӯ ба шарти фош нашудани номаш.

Рӯзноманигор Муҳрим Аъзамхоҷаев дар Телеграм навиштааст: "Онҳое, ки мехоҳанд чандин биноро дар маркази Бухоро вайрон карда, дар ҷойи онҳо шаҳраки сунъӣ созанд, ҳам душмани Бухоро ва ҳам душмани Узбекистон ҳастанд."

Норозиён мегӯянд, аз тарафи намояндагони давлат пайваста таҳдид мешаванд. Ҳадди ақал чаҳор блогнавис дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки барои ибрози назар дар бораи он чӣ дар Бухоро мегузарад, зери фишор ҳастанд.

Блогеро Саодат Абдузокирова дар як паёми видеоӣ гуфтааст: "Шавкат Мирамонович, Шумо гуфта будед, ки мардум на барои мансабдорон, балки мансабдорон барои мардум ҳастанд. Медонед, чунин таассурот ҳосил мешавад, ки ин гуфтаҳои шумо ба як чуқурии торик меравад."

Бухоро, феврали 2024
Бухоро, феврали 2024

Созмони Alerte Heritage рафтори мақомоти Узбекистонро дар маркази шаҳри қадимӣ ба бомбаборони Артиши Сурх дар аввали асри гузашта монанд кардааст. Созмон гуфтааст, "Бухоро дар замони Шавкат Мирзиёев бори дигар бомбаборон мешавад."

Alerte Hеritage аз мақомоти Узбекистон хостааст, тахриби биноҳои таърихиро бас кунад: "Тахриби биноҳо бе мувофиқати ЮНЕСКО сар шуд. Ин ба он маъност, ки хароб кардани Бухоро хилофи қонун буда, ба аҳдҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ мухолиф аст. Олмониҳо Сталинградро ба ин ҳад вайрон накарда буданд. Русҳо сад сол пеш Бухороро бомбаборон карданд, ҳоло мансабдорони нави Узбекистон ин шаҳрро вайрон мекунанд."

Бино ба гузоришҳо, тахриби биноҳо дар қисмати таърихӣ ё куҳнаи шаҳри Бухоро рӯзи 26-уми феврали имсол оғоз шудааст. Ин маконро барои сохтани Маҷмааи сунъии сайёҳӣ холӣ мекунанд.

Блогер Никита Макаренко дар Телеграм навиштааст: "Бубинед, дар маркази Бухоро чӣ гуна чизҳои бемаъно месозанд. Ба ивази 470 миллион доллар. Таъмини обу газ дар шаҳру вилояти Бухоро то ҳол пурра ба роҳ монда нашудааст. Ба ин нигоҳ накарда, ки роҳҳо вайрон ҳастанд, ин кор ҷараён дорад. Барои ин “бозича”-и аҳмақона пул ҳаст.”

Маркази сунъии "Бухорои абадӣ"
Маркази сунъии "Бухорои абадӣ"

Видеои тахриби Мактаби ҳунар ва маҷмааи варзишӣ дар Бухоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Коргарон курсиҳоро мешикананду мекананд. Муҷассамаи модарро низ аз Майдони ёдбуд ва қадрдонии Бухоро гирифта, дар боғи Когон гузоштаанд.

Фаъолон ба ин назаранд, ки Маҷмааи сунъии сайёҳӣ мумкин аст на танҳо Бухороро аз асли худ дур кунад, балки хавфи берун шудани он аз рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ низ ҳаст.

Мақомоти Бухоро пештар гуфта буданд, ки тасмими ниҳоӣ танҳо баъд аз дарёфти гузориши ЮНЕСКО гирифта мешавад. Намояндаи созмон дар Узбекистон, Сара Ношадӣ, мегӯяд, “барои маълумоти изофӣ ва шарҳ” ба ҳукумат муроҷиат кардаанд.

Маркази сунъии сайёҳии Бухороро ширкати "ЭНТЕР Инҷиниринг" месозад. Бино ба ҳуҷҷатҳое, ки Радиои Озодӣ дар даст дорад, молики он Бахтиёр Фозилов беш аз 50 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро тавассути ҳисобҳояш дар офшор идора мекунад.

Тоҷикистон, ки таъриху фарҳанг ва гузаштаашро бо Бухоро пайванд медонад ва оромгоҳи шахсиятҳои маъруфаш, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ дар онҷост, ҳанӯз вокунише накардааст. Кишваре, ки худаш ба вайрон кардани биноҳои куҳна ва бозмонда аз Шӯравии собиқ ва ба ҷойи онҳо сохтани иморатҳои наву баландошёна танқид мешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Бухоро дубора вайрон мешавад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00
XS
SM
MD
LG