Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ғамангези забон. Гилаҳои рӯшанфикрони Самарқанд ва Бухоро. ВИДЕО


Самарқанд
Самарқанд

Дар Тоҷикистон 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн мегиранд.

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки зодрӯзаш ба ҳамин ид рост меояд, на танҳо сокинони кишвар, балки ҳамаи соҳибони забони тоҷикиро шодбош гуфт ва афзуд, “масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.” Вай бо зикри номи Рӯдакӣ ва Айнӣ аз қаламрави фарох ва таърихи бостонии забон ёд кард. Ин дар ҳолест, ки рӯшанфикрони тоҷики муқими Самарқанд ва Бухоро низ рӯзи забонро муборак мегӯянд, аммо аз мушкилоти худ нақл мекунанд.

"Мутаассифона, мактабҳоро аз даст додем"

Раҳмат Гулзода
Раҳмат Гулзода

“Фарзандони мо, наберагони мо, аберагони мо дар хона ва дар кӯча бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Дар мактаб бо забони узбакӣ мехонанд. Аз инҳо чӣ интизор шудан мумкин? Агар фарзандони мо бо забони модарии худашон мактаб хонанд, боз Ибни Синоҳо, Аҳмади Донишҳо, Садриддин Айниҳо аз Бухоро баромадан мегирад,” – гуфт сокини Бухоро Раҳмат Гулзода.

Вай бим дорад, ки фарзанду наберагонаш наметавонанд забони модарии худро ба наслҳои оянда мерос гузоранд ва забони модарияш зинда бимонад.

Дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, ки садсолаҳо форсии тоҷикӣ забони гуфтугӯйи мардум, давлатдорӣ ва илму ҳунар буд, ҳоло ба гуфтаи рӯшанфикрони тоҷики муқими Узбекистон “дар марҳилаи душвори таърихи худ” аст.

Ба қавли сокинон дар Бухорову Самарқанд, дар сад соли охир ба тадриҷ раванди кам кардани нуфузи забони тоҷикӣ идома дорад. Профессор Аслиддин Қамарзода гуфт, “дар Самарқанд, дар вилоятҳои дигар, ба ғайр аз Хоразму Қароқалпоқистон, мактабҳои тоҷикӣ буд. Ҳоло дар бисёр вилоятҳо ҳаст. Мутаассифона, солҳои охир дар Бухоро мактаби тоҷикӣ қариб нест шуд. Ҳоло хато накунам якто синф дар Шавғон, деҳаи Асад Гулзода, аст. Як синф, мактаб не.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Гилаҳои рӯшанфикрони Самарқанд ва Бухоро
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:49 0:00

Ба нақли тоҷикони Узбекистон авҷи кам кардани эътибори забони тоҷикӣ ба солҳои бад будани муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Узбекистон дар аҳди президент Ислом Каримов рост меояд.

Тибқи омори расмӣ, дар замони Шӯравии собиқ дар Узбекистон 380 мактаби тоҷикӣ амал мекард, аммо дар 30 соли охир шумораи ин мактабҳо ба шиддат кам шуд. Рӯшанфикрони тоҷики муқими Узбекистон мегӯянд, дар солҳои оғози истиқлол дар ҳудуди шаҳри Самарқанд тахминан 70 мактаби тоҷикиву омехта, бо синфҳои ҷудогонаи таълим ба забони тоҷикӣ амал мекард.

Амина Шарофиддинова
Амина Шарофиддинова

Амина Шарофиддинова, фаъоли фарҳангӣ дар шаҳри Самарқанд, мегӯяд, “мактабҳои тоҷикии мо рӯз ба рӯз кам мешаванд. Ба шиддат кам мешаванд. Дар вилояти Самарқанд дар солҳои 1997-98 мо 85 мактаби тоҷикӣ доштем. Аз ин ҳисоб 45 мактаби пурра тоҷикӣ. Мутаассифона, мактабҳоро аз даст додем.”

"Забони хонагӣ"

Зокир Ҳасанзода
Зокир Ҳасанзода

“Дар замони Каримов бисёре аз синфҳои тоҷикӣ баста шуданд. Маҳдудият зиёд буд. Ҳоло маҳдудият нест. Дар Самарқанд телевизион ба забони тоҷикӣ ҳаст. Радио ба забони тоҷикӣ ҳаст. Рӯзномаи “Гулобод” дар ноҳияҳои Самарқанд як саҳифааашро бо забони тоҷикӣ чоп мекунад,” – гуфт рӯзноманигор ва нависанда Зоҳир Ҳасанзода.

Шоир Ҳадяи Бухороӣ: “Забоне, ки асрҳо пеш пайдо шудааст, имрӯз дар Узбекистон забони хонагӣ кардаанд. Ин даҳшат аст. Ин ба мисли “тюрма” аст. Дар ҳабс будагӣ ҳисоб мешавад.”

Адаш Истад
Адаш Истад

Нависанда Адаш Истад: “Баъзе аз миллатгароён мегӯянд, ки бояд фақат як забони миллати давлатсоз забони давлатӣ шавад ва ба дигар забонҳо ин хел ҳуқуқ дода нашавад. Дар Аврупо медонем, ки ҳатто ба 4-5 забони мардуме, ки камшумор ҳастанд, мақоми давлатӣ дода шудааст. Ин ба эътибори забони асосии давлатӣ зараре намерасонад ва қимати онро кам намекунад.”

Баста шудани мактабҳои тоҷикиро бархеи дигар ба кам шудани талабот ба онҳо вобаста медонанд.

Матлуба Одинаева, муҳаррири калони шуъбаи тоҷикии телевизион ва радиои давлатии Бухоро, як сабаби аз байн рафтани мактабу синфҳои тоҷикиро дар он медонад, ки падару модарон кӯшиш мекунанд барои “карйера”-и ояндаи фарзандон мактабҳои узбекӣ ё русиро интихоб кунанд.

Матлуба Одинаева
Матлуба Одинаева

“Дар Шаҳрисабз бисёре аз мактабҳои тоҷикӣ фаъолият доранд. Афсӯс, дар Бухоро камтар аст. Дарҳо маҳкам нашудааст, аҳолӣ фарзанди худро солҳои охир ба синфҳои тоҷикӣ намедиҳад. Имрӯз масъалаи кушодани синфҳои тоҷикӣ ҳаст. Кор бурда истодаанд. Гап сари он ки ҳамон синфҳо теъдоди заруриро ҷамъ карда метавонанд? Барои як синф меъёр 15-25 нафар аст. Агар ин шумора ҷамъ оварда шавад, албатта, ин синфҳо кушода мешаванд,” – шарҳ дод ӯ.

"Китобҳоро сӯзонданд"

Нависанда ва рӯзноманигор Шаҳзодаи Самарқандӣ ҳам кам шудани талаботро ба мактабҳои тоҷикӣ тасдиқ мекунад, аммо сабабашро ба ангезаҳои сиёсӣ пайванд медиҳад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ
Шаҳзодаи Самарқандӣ

Ӯ гуфт: “Солҳои фурӯпошии Шӯравӣ дар мактабе, ки дарс мехондам, ба номи Мирзо Турсунзода, аз Тошканд дастур омад, ки ҳамаи китобҳоро бо сарсухани Ленин ё Горбачев ё калимаи СССР бисӯзонанд. Ин ба он далел набуд, ки мо бояд Шӯравиро фаромӯш кунем. Китобҳои русиро насӯзонданд, дар ҳоле ки ҳамон калимаҳо дар китобҳои русӣ ҳам буданд. Онҳо гуфтанд, Федератсияи Русия ҳанӯз ҳаст, китобҳои русӣ бошанд, аммо китобҳои тоҷикиро сӯзонданд. Ман дар ҷараён нестам, ки китобҳои узбекиро ҳам сӯзонданд ё не. Аммо китобҳои тоҷикро сӯзонданд. Ин боис шуд, ки падару модарҳо фарзандонашонро ба мактабҳои русӣ доданд. Ин боис шуд, ки дар синфҳое, ки ҳар тобистон кӯдаконро сабти ном мекарданд, теъдоди тоҷикон кам шуд. Бо ин баҳона бисёре аз мактабҳое, ки дар Самарқанд буд, баста шуд.”

Дар панҷ соли охир, ба гуфтаи тоҷикони фаъоли ҷомеаи Узбекистон, муносибати давлат бо забони тоҷикӣ каме нармтар шудааст. Аз ҷумла, китобҳои чанд адиби тоҷики муқими Узбекистон дар Тошканд бо забони тоҷикӣ чоп шуда, дар ду донишгоҳ шуъбаи забону адабиёти тоҷик кушода шуд.

Аслиддин Қамарзода
Аслиддин Қамарзода

Профессор Аслиддин Қамарзода гуфт, “дар вилояти Тошканд, ноҳияи Пискент, Бекобод, Чирчиқ, Ғазалкент мактабҳои тоҷикӣ зиёд шуд. Дар назди Донишгоҳи омӯзгории вилояти Тошканд бахши забону адабиёти тоҷикӣ кушоданд, ки ҳамин сол як даста тамом карданд. Дар он ҷо синфҳои ибтидоӣ ҳам амал мекунад. Бубинед, дар онҷойҳо набуд, ана, кушоданд, дар вилояти Сух ҳам ки тоҷикон зиёданд, кушода шуд.”

Аммо он мактабҳои тоҷикӣ ҳам бо мушкили норасоии китобҳои дарсӣ рӯбарӯ ҳастанд. Солҳои пеш барои мактабҳои тоҷикӣ аз Тоҷикистон китоби дарсиву адабиёти таълимӣ бурда мешуд. Ҳоло маълум нест, Тоҷикистон дар таъмини ин мактабҳо бо китобҳои дарсӣ чӣ қадар саҳм дорад.

Аслиддин Қамарзода гуфт, “пештар, дар замони Шӯравӣ, аксар китобҳои мо аз Тоҷикистон меомад. Аз синфи 1 сар карда то синфи 11. Ҳатто матбуоти тоҷик дар Самарқанд бисёр паҳн мешуд.”

Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар баҳори соли 2018, Душанбеву Тошканд сарони ду кишвар ба роҳ мондани ҳамкориҳо, аз ҷумла дар арсаи илму фарҳангу маорифро эълом доштанд. Он вақт бисёриҳо умедвор буданд, ки мактабҳои тоҷикӣ ҳам дар шаҳрҳои тоҷикнишин бештар мешавад.

Ҳоло маълум нест кай дар Самарқанду Бухоро шумораи мактабҳои тоҷикӣ бештар мешавад, аммо ҳар роҳгузари хиёбонҳои ин шаҳр ҳанӯз лавҳаву навиштаи қарни гузаштаро бо забони тоҷикӣ мехонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG