Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат дуруст аст?


Дар акс: Абулқосими Қосимиён, Мирзонабии Холиқзод ва Мансур Ниёзӣ
Дар акс: Абулқосими Қосимиён, Мирзонабии Холиқзод ва Мансур Ниёзӣ

Ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ ва ё даъвати ҳоҷӣ ба хонаву зиёфат додани он. Бо зиёдтар шудани теъдоди зойирони тоҷик, ингуна маъракаҳо дар Тоҷикистон ҳам бештар шудааст, агарчӣ бар асоси қонун ҳоҷизиёрату зиёфатҳои бошукӯҳ манъ аст.

Сабаб чист? Эҳтироми зиёди мардум ба ҳоҷиён ё баҳонае барои нишастану хӯрдану суҳбат кардан? Пояндозу гулфишониву забҳи гову гӯсфанд зери пойи ҳоҷӣ чӣ маънӣ дорад?

Ин аст мавзӯи барномаи имрӯзи "Гапи Озод". Меҳмонони мо Мансур Ниёзӣ, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон аз Душанбе ва Абулқосими Қосимиён, хатмкардаи Донишгоҳи "Ал-Аҳзар" аз Қоҳира ҳастанд.

Иқтибосҳое аз барнома:

Мансур Ниёзӣ: "Маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиошӣ, ҳоҷиталбон қатъиян манъ аст. Пеш аз қабули Қонун дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросими миллӣ, яъне қабл аз соли 2007, насли калонсол ба хотир дорем, ки ҳангоми гусел ва пешвози ҳоҷиён бисёр маъракаҳои пурдабдаба ороста мешуд. Ҳам дар деҳот ҳам дар шаҳрҳо. Бисёр худнамоӣ, зиёдаравӣ, бахусус ҳангоми пешвози ҳоҷиён, дар шаҳру ноҳияҳо ба вуқӯъ мепайваст, ки ҳангоми машварат бо ходимони дин ҳамин ҷанба тибқи талаботи қонуни мазкур ба низом дароварда шуд.”

Абулқосими Қосимиён: “Ин одат дар тамоми давлатҳо ҳаст. Дар тамоми давлатҳое, ки мусулмонҳо ҳастанд ва Ҳаҷ мераванду меоянд. Яъне, хароҷот мекунанд, дӯстонашонро даъват мекунанд. Ман чанд нафар аз дӯстонро пурсидам, аз хориҷиҳо. Гуфтанд, ҳаст. Ин бояд бошад, дар ҳама давлат дар худи Тоҷикистон ҳам, лекин маҳдуд бояд бошад, на ба он ҳадде, ки исроф кунанд. Ҳоҷӣ меравад, меояд ва мехоҳад, ки дар моҳи Рамазон хайр кунад. Ин моҳ саропо ҳама хайр аст. Хайр карданашро ҳам исроф номидан ғалат аст."

Мансур Ниёзӣ: "Мӯҳтавои қонун танҳо маҳдуд кардан, ё ки фарогири маросими Ҳаҷ нест. Дар қонуни мазкур ҳатто аз рӯзи таваллуди кӯдак, яъне маросими зодрӯз, хатнасур, баъд тӯйи домодӣ, арӯсӣ, маросими азодорӣ ва ҳамаи ин ҷанбаҳои ҳаёти шаҳрвандонро ба низом медарорад. Танҳо ба маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиошӣ маҳдуд намешавад. Дар ҳақиқат бисёр чизҳои хурофотие, ки шояд аз Ғарб, шояд аз Шарқ ба мо ворид шуда буданд, шояд аз давлатҳои беруна, хушбахтона, давоми 16 соли амалӣ шудани қонуни мазкур ба низом даромад.”

Абулқосими Қосимиён: "Мешавад, он роҳбаладоне, ки мебаранд, онҳо ҳам насиҳат кунанд, аз ҳамин зиёдаравиҳо, то ки ба зиёдаравиҳои бисёр роҳ надиҳанд. Дар аҳли хонавода таом кунанд, хӯранд, инашро манъ накунанд. Инаш бояд бошад ва китобҳои махсус барои ҳоҷиён тартиб диҳанд, таълиф кунанд ва тақсим кунанд. Ҳар нафар, ҳар ҳоҷие, ки пул месупорад, барои тазкираи Ҳаҷ гирифтан, билети Ҳаҷ гирифтан, он китоб дар дасташон тақсим карда шавад, ки онҳо хонанд. Одоби Ҳаҷ кардан ва тамоми нозукиҳои вобаста ба онро ёд гиранд. Бояд манзалати Ҳаҷро бояд донанд, бояд сарсаракӣ Ҳаҷ рафта наоянд, бояд арзишашро донанд."

Барномаро дар инҷо бинед:

Ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат, ҳоҷиошӣ дуруст аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:37:52 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG