Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди махфӣ. Тоҷикистон аз "Толибон" маҳви "Ансоруллоҳ"-ро хостааст


Иддао мешавад, ки инҳо ҷангҷӯёни "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ҳастанд
Иддао мешавад, ки инҳо ҷангҷӯёни "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ҳастанд

Як Пажуҳишгоҳи швейтсарӣ ба нақл аз чанд манбаъ мегӯяд, байни ҳукумати Тоҷикистон ва “Толибон” гуфтушуниди махфӣ идома дорад.

Пажуҳишгоҳи швейтсарии умури ҷаҳонӣ ё Swiss Institute for Global Affairs (SIGA) рӯзи 21-уми феврал навишт, “Толибон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон миёнарави гуфтушуниди онҳо бо ҷамоати “Ансоруллоҳ” шудаанд. “Ансоруллоҳ”, ки асосан аз ҳисоби ҷангҷӯёни тоҷик таркиб ёфтааст, дар хоки Афғонистон фаъол аст.

Музокироти аввал байни намояндагони Тоҷикистон ва ҳокимони нави Афғонистон рӯзи 8-уми ноябри соли 2023 сурат гирифтааст.

Ба нақли манбаъҳои Swiss Institute for Global Affairs, он рӯз як ҳайати “Толибон” таҳти сарварии Раҳматулло Наҷиб, муовини дувуми пулиси махфии толибҳо вориди Тоҷикистон шуда, дар макони номаълум суҳбат карданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтугӯ аз мақомоти “Толибон” нахуст истирдоди аъзои “Ансоруллоҳ”-ро хостааст. Аммо дар поён ду ҷониб ба созиш расидаанд, ки “Толибон” гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистонро бо сарони ҷамоати “Ансоруллоҳ” созмон диҳанд.

“Ҳатто рӯйхати аъзои “Ансоруллоҳ” ва макони дақиқи зисташонро дар Афғонистон доданд. “Толибон” онро ғайри қобили иҷро донист,” – нақл кардааст як узви огоҳи “Толибон” ба Пажӯҳишгоҳи швейтсарӣ.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои Тоҷикистон дар умури мубориза бо терроризм ҳанӯз 8-уми январи имсол эҳтимоли ҷараён ёфтани чунин гуфтушунидро миёни мақомоти Тоҷикистон ва “Толибон” тасдиқ карда буд.

"Ҳарчанд “Ансоруллоҳ”-ро нерӯи калон ва таҳдиди бузург ба амнияти кишвар намедонем, барои бартараф кардани он бо “Толибон” гуфтугӯ дорем. Ин идома дорад. Хуб, вақте Амрико гуфтушунид мекунад, чаро мо накунем? Он ҳам барои амнияти кишвар," – гуфта буд ин манбаъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, вале ба шарти фош нашудани номаш.

Азбаски тасдиқи ин маълумот аз тарафи манбаи дувум дастрас нашуд, Радиои Озодӣ он вақт дар ин бора хабар надод.

Ҷамоати “Ансоруллоҳ”-ро Амриддин Табаров, фармондеҳи нерӯҳои мухолифини тоҷик таъсис дода буд, ки созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва иттиҳоди мухолифинро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон рафт. Ҳашт сол пеш хабари марги ӯ расонаӣ шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳи мамнуъ дар хоки Афғонистон аз 200 то 300 нафар ҳастанд. “Толибон” баъд аз гирифтани ҳукумат дар Афғонистон назорати бахше аз сарҳадро ба ихтиёри ин гурӯҳ доданд. Аммо чанде пеш гузориш расид, ки раҳбари он Маҳдӣ Арсалон "нопадид шудааст" ва дар куҷову чӣ шароит буданаш маълум нест.

Чанд шарти "Ансоруллоҳ"

Ҳарчанд толибҳо ҳузури ин гурӯҳро дар Афғонистон рад мекунанд, зимни номаи расмии мақомоти Тоҷикистон дар аввали моҳи декабри соли 2023 ду бор бо сарони “Ансоруллоҳ” мулоқот ва онҳоро ба гуфтушунид ташвиқ кардаанд.

Мулоқоти аввали “Толибон” бо аъзои “Ансоруллоҳ”, ба навиштаи Swiss Institute for Global Affairs, дар моҳи декабри соли 2023 ва мулоқоти дувум дар моҳи январи соли 2024 сурат гирифтааст. “Дар ин нишастҳо аъзои “Ансоруллоҳ” пешниҳоди оштиро бо ҳукумати Тоҷикистон комилан рад карданд,” – гуфтааст як манбаи Пажӯҳишгоҳи швейтсарӣ.

“Пас аз талошҳои чандсоатаи “Толибон” аъзои “Ансоруллоҳ” дар ниҳоят маҷбур шудаанд, ки мавқеи худро то андозае нарм кунанд. Онҳо эълом доштанд, ки бо ҳукумати Тоҷикистон музокира хоҳанд кард, аммо танҳо пас аз иҷрои чанд шарт,” – афзудааст ӯ.

Ба гузориши Swiss Institute for Global Affairs, “эълони ҳукумати исломӣ; хуруҷи сарбозони Русия аз хоки Тоҷикистон, раҳоии аъзои зиндонии “Ансоруллоҳ” ва ташкили мадрасаҳои динӣ” аз ҷумлаи шартҳо будааст. Дар пайи музокироти, ба гуфтаи манбаи SIGA, бисёр сахт, “Ансоруллоҳ” дар ниҳоят розӣ шудааст, ба музокирот бо Тоҷикистон танҳо як шарт пешниҳод кунад ва он ҳам хуруҷи низомиёни Русия аст.

Як дипломат аз минтақа дар суҳбат бо Пажӯҳигоҳи швейтсарӣ талошҳои “Толибон”-ро барои мусоидат ба музокирот бо ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда, гуфтааст, “Ансоруллоҳ” воқеан хуруҷи тамоми сарбозони русро хостааст. Вай афзудааст, иҷрои ин талаб “ғайриимкон аст".

Аммо як манбаи наздик ба аъзои “Ансоруллоҳ” изҳор доштааст, ки онҳо ҳар гуна оштиро бо ҳукумати Тоҷикистон рад кардаанд ва ҳанӯз ҳам ба ин мавқеъ ҳастанд. Як узви “Толибон” ҳам дар сӯҳбати хусусӣ изҳор доштааст, ки “кӯшишҳои оштӣ ҷиддӣ нестанд”.

Дар ҳар сурат, SIGA навиштааст, “шубҳае нест, ки ин гуна талош барои музокирот идома доранд, вале то кунун ҳеч пешравии қобили мулоҳизае ба даст наомадааст”.

Ҳукумати Тоҷикистон аз мунтақидони "Толибон" аст. Ин гурӯҳ ҳанӯз дар листи созмонҳои мамнуъ ва ифротгаро дар Тоҷикистон истодааст. Бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе низ дар ихтиёри намояндагони ҳукумати сарнагуншудаи Афғонистон аст.

Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Чанде пеш бозори сарҳадӣ боз шуд. Намояндагони консулгарии Афғонистон дар Хоруғ эълон карданд, ки зери итоати “Толибон” ҳастанд, агарчи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон онро рад кард.

Тоҷикистон бо "Толибон" гуфтушунид дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG