Пайвандҳои дастрасӣ

"Пиряхҳои экваторӣ ба зудӣ пурра об мешаванд" ВИДЕО


Муовини дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ мегӯяд, “солҳои охир гармтарин дар таърихи башарият аст”. Елена Манаенкова бовар дорад, ки “идомаи чунин ҳол боис ба об шудани пиряхҳо дар кӯҳҳо ва болоравии мизони об дар баҳру уқёнусҳо хоҳад шуд.”

Ӯ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои олам бахшида ба тағйири иқлим дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо хабарнигори “Рейтерс” ҳамсуҳбат шуд. Нишаст аз 30-юми ноябр то 12-уми декабр гузашт.

“Ба ҳисоби миёна ҳарорати олам 1,1 дараҷаи селсиус баландтар будааст. Ҳамин гуна чанд даҳа ба тартиб ҳаво гармтару гармтар мешавад. Шумораи офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои табиии фавқулода, ки аз тағйири иқлиму гармо сарчашма мегиранд, мавриди назорати мо қарор дошта, боис ба нигаронии мо ҳастанд,” – афзуд ӯ.

Мақомдори баландпояи Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ бар ин назар аст, ки дар давоми чанд соли оянда пиряхҳо дар кӯҳҳои олам об шуда, сатҳи оби баҳр боло хоҳад рафт.

“Мо метавонем гӯем, ки пиряхҳои экваторӣ ба зудӣ пурра об мешаванд. То охири соли 2030-ум пиряхҳои Папуа ва Индонезия аз байн рафта, дар давоми даҳсоли оянда пиряхи Килимаҷарои Африқо ҳам об мешавад. Маҳви пиряхҳо, ки сарчашмаи оби ошомидании мардуми зиёд мебошанд, як манбаи ташвиш аст,” – афзудааст ӯ.

Манбаи дигари нигаронӣ, ба гуфтаи ӯ, “офатҳои табиӣ мебошанд, ки ҳамзамон бо обшавии пиряхҳо меоянд. Пиряхҳо канда шуда кӯлҳои канори онро барҳам мезананд. Бар илова, лағжидани замин боис ба марги мардум мешавад. Билохира, ин об ба баҳру уқёнусҳо меравад.”

Хабарнигори “Рейтерс” обанбори Сиера Боераи Испанияро мисол овардааст, ки захираи имсолаи он ҳамагӣ 0,1 дарсад об дорад ва он ҳам барои нӯшидан хатарзо шудааст.

Баъзе аз ҳомиёни муҳити зист нишасти сарони кишварҳоро танқид намуданд, зеро ҷамъомад дар Имороти Муттаҳидаи Араб яке аз кишварҳои истихроҷкунандаи маводи сӯхт барпо шуд.

Вазири энергетикаи Имороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Мазрӯӣ аз минбари нишаст гуфт, баҳс набояд рӯйи танқиди кишварҳои тавлидукунандаи нафту газ, балки ҳамкорӣ дар коҳиши тавлиди гази метан бошад.

Суҳайл Мазрӯӣ гуфт, "биёед, рӯйи мубориза бо як манбаи маводи сӯхт такя накунем. Душмани умумӣ, партобҳои газҳои гулхонаӣ аст ва мо бояд ҳамроҳ бо он ҷадал кунем. Мо вазифа дорем, ки энергияро таъмин кунем. Талаботи хеле бузург аз тарафи онҳое мебошад, ки камбизоатанд. Онҳои низ ба зиндагии беҳтар ҳақ доранд."

Муассисаи илмии Созмони Милал ва ниҳоди муштараки байниҳукуматии мубориза бо тағйири иқлим мегӯяд, барои то якуним дараҷаи селсиус коҳиш додани гармшавӣ дар соли 2050 истифодаи нафту газ ва ангишт бояд ба таври қобили мулоҳиза кам карда шавад.

Тағйири иқлим яке аз масъалаҳои дарднок барои Тоҷикистон низ ба шумор меравад, зеро соли ахир пиряхҳои кишвар бо суръат об мешаванд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар чанд соли оянда аз пиряхҳои экваторӣ нишоне нахоҳад монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG