Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхат. Онҳое, ки баъд аз мухолифат бо Путин ё Кремл кушта шудаанд


Рӯйхати шахсони бонуфуз дар Русия, ки пас аз мухолифат, танқид ё монеагузорӣ ба Владимир Путин дар шароити мармуз фавтида ва ё кушта шудаанд, тӯлонист ва метавонад боз ҳам дарозтар шавад. Ин феҳрист моҳи августи соли 2023 нашр шуда буд ва ҳоло ба он номи Алексей Навалний илова гашт.

Дар ин ҷо номи онҳое, ки аз ҳолатҳои хатарзо наҷот ёфтаанд, нест. Аз ҷумла Сергей Скрипал, афсари пешини хадамоти иктифошӣ, ки заҳролуд шуд.

Алексей Навалний

Алексей Навалний
Алексей Навалний

Сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний дар солҳои 2011 ва 2012 муборизаро бо фасод дар ҳукумати Русия ва бахусус сатҳҳои болоии он шуруъ кард ва тазоҳуроти густардаро ба зидди Кремл оғоз намуд.

Ӯ дар моҳи январи соли 2021 дастгир ва зиндонӣ шуд. Моҳи августи соли 2023 бар асоси парвандаи ташкил ва сармоягузории созмони тундгаро ба 19 сол зиндон маҳкум карданд. Навалний худро бегуноҳ медонист ва ҳукми додгоҳро борҳо дорои ангезаи сиёсӣ хондааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ӯро маҳбуси сиёсӣ медонистанд.

Сиёсатмадори 47-солаи мухолиф, ба иттилои мақомоти Русия, рӯзи 16-уми феврали соли 2024, тақрибан як моҳ пеш аз интихоботи президентӣ, дар зиндон даргузашт. Ӯ дар маҳбасе дар минтақаи дурафтодаи Ямало-Ненетс нигаҳдорӣ мешуд.

Мақомот марги Навалнийро табиӣ гуфтанд, вале ҳамсараш Юлия Навалная ва раҳбарони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ мақомоти Русия ва бахусус президент Владимир Путинро масъули куштани ӯ донистаанд. Марги Навалний мухолифони парокандаи ҳукуматро дар Русия аз як раҳбари бонуфуз маҳрум кард. .

Евгений Пригожин

Пригожин моҳи май роҳбарони Вазорати дифои Русияро ба ноуҳдабароӣ айбдор кард
Пригожин моҳи май роҳбарони Вазорати дифои Русияро ба ноуҳдабароӣ айбдор кард

Евгений Пригожин ҳамчун шахсияти баҳсбарангез муддати дарозе дар соя буд, баъдан дар маҳзари ом пайдо шуд. Ӯ дар паси як қатор ширкатҳои машкук қарор дошт - аз ташкили "фабрикаи троллҳо", ки ба интихоботи Амрико дахолат кард, то ташкили артиши зархаридон, ки дар якчанд кишвар меҷанганд.

Артиши ташкилкардаи Пригожин дар кишварҳои африқоӣ, Сурия ва Украина аз ҷумла дар ҷангҳои дуру дароз ва хунини Баҳмут дар маркази майдон қарор дошт.

Собиқ ҳампаймони Путин ошӯби нофарҷоми худро ду моҳ қабл аз маргаш дар моҳи июн ва ба гуфтаи худаш алайҳи роҳбарони Вазорати дифои Русия оғоз кард. Ин шӯриш Путинро шарманда кард. Президенте, ки солҳо аз ӯ як муҳофизи қавӣ ва боэътимоди мардум тавсиф мешуд, нотавон намудор шуд.

Евгений Пригожин, мудири ширкати муздурии “Вагнер”, рӯзи 23-юми августи соли 2023 ҳангоми афтодани ҳавопаймо дар роҳ ба Санкт-Петербург ба ҳалокат расид. Ошӯби Пригожин ду моҳ пеш аз ҳодиса шубҳаву гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кард. Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд.

Сергей Юшенков

17-уми апрели соли 2003 Сергей Юшенков, сиёсатмадори ботаҷриба ва роҳбари ҳизби мухолифи "Либералии Русия" дар назди хонааш дар Маскав кушта шуд.

Юшенков аз ҷумла нафароне буд, ки талош кард даст доштани Хадамоти бехатарии Русия (ФСБ)-ро дар таркишҳои давомдори манзилҳои истиқоматӣ дар соли 1999 таҳқиқ кунад. Ин таркишҳо, ки қариб 300 кушта барҷой гузошт, кори ҷангиёни чечен гуфта шуд. Ин кор барои оғози ҷанги дуюми чечен ба Маскав дастаки хубед дод.

Анна Политковская

7-уми октябри соли 2006 Политовская, яке аз рӯзноманигорони шинохтаи Русия, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистонро пайгирӣ мекард, дар манзилаш кушта шуд.

Барои қатли ин рӯзноманигор ду мардро ба ҳабси абад ва се нафари дигарро то соли 2014 ба зиндон маҳкум карданд. Аммо хешовандон, ҳамкорон ва ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ пешбинӣ мекунанд, ки мақомдорони Русия ҳеч гоҳ фармоишгари ин кушторро пайдо ва ҷазо намедиҳанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, таҳқиқи ҳамаҷониба атрофиёни Путин ё роҳбарияти Чеченистонро фаро мегирад, ки аз ҷониби Кремл пуштибонӣ мешаванд.

Александр Литвиненко

23-юми ноябри соли 2006 корманди Хадамоти бехатарии Русия баъди заҳролудшавӣ аз моддаи радиоактивӣ дар шаҳри Лондон даргузашт. Литвиенко соли 2000 ва баъди он ба Британияи Кабир фирор кард, ки Хадамоти бехатарии Русияро дар сӯиқасд ба ҷони олигарх Борис Березовски муттаҳам кард. Баъд ӯ ҳаммуалифи китобе шуд, ки дар он ФСБ ҳамчунин ба таркиши хонаҳои истиқоматӣ дар соли 1999 гунаҳкор мешуд.

Таҳқиқи Бритониё маълум кард, ки Литвиненко чанд ҳафта қабл аз марг бо ду ҳамватанаш Андрей Луговой ва Дмитрий Ковтун дар меҳмонхона вохӯрда, ҳамроҳи онҳо чой нӯшидааст. Маскав аз истирдоди ин ду нафар ба Бритониё худдорӣ кард. Соли 2017 Амрико ҳардуро бар асоси қонуни Магнитский таҳрим кард.

Наталя Эстемирова

16-уми июли соли 2009 ҷасади ҳомии ҳуқуқ пас аз чанд соати рабуда шуданаш, бо чанд захми тир дар сар ва қафаси сина дар Ингушистон пайдо шуд. Ӯро аз назди манзилаш дар шаҳри Грозний рабуда буданд.

Наталя Эстемирова садҳо ҳолати нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷумла рабудан ва куштани одамонро дар Чеченистон таҳқиқ кардааст. Гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи "Мемориал", ки Эстемирова онҷо кор мекард гуфтанд, таҳқиқи пешакӣ нишон додааст, ки эҳтимол мақомоти қудратии маҳаллӣ дар ин ҳодиса даст доранд.

Сергей Магнитский

16-уми ноябри соли 2009 вакили дифоъ, ки мақомдорони Русияро дар дуздии 230 миллион доллар андоз муттаҳам мекард, баъди як соли зиндонӣ шуданаш фавтид. Сергей Магнитский аз бемории панкреатит ранҷ мебурд ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз ёрии тиббӣ маҳрум буд. Шароити боздошти ӯ ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба шиканҷа баробар буд. Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия гуфт, қабл аз маргаш Магнитскийро шадидан латукӯб кардаанд.

Соли 2012 дар Амрико бар зидди русиягиҳое, ки дар дар нақзи ҳуқуқи башар даст доранд, қонуни Магнитский қабул шуд. Ин қонун маҳрум кардан аз раводид ва ба ҳабс гирифтани моликиятро дарбар мегирад. Дигар кишварҳои ғарбӣ низ аз ин усул кор гирифтанд.

Моҳи июли соли 2013 додгоҳе дар Русия, дар як мурофиаи бесобиқаи баъд аз марг, Магнитскийро дар сарпечӣ аз пардохти андоз гунаҳкор донист.

Борис Немтсов

27-уми феврали соли 2015 собиқ волии вилоят ва муовини ислоҳталаби нахуствазир дар болои пули наздикии Кремл кушта шуд. Немтсов дар солҳои 90-ум як ситораи пурнуфузи сиёсӣ буд, вале баъдан ба яке аз мухолифони сарсахти Путин табдил ёфт. Ӯ ҳамагӣ 55 сол дошт.

Немтсов дар оғози давраи раёсати ҷумҳурии Путин ва ҳам дар вақти бозгашт ба курсии президентӣ дар соли 2012, алайҳи раиси ҷумҳури Русия тазоҳуроти эътирозӣ ташкил кард. Борис Немтсов таҷовузи Русия алайҳи Украина дар соли 2014-ро маҳкум карда, онро "бадбинӣ" ва "бар зиёни Русия" гуфта буд.

Ин сиёсатмадор вақте кушта шуд, ки бо ҳамкоронаш рӯйи гузорише дар бораи дахолати Маскав ба умури кишварҳои ҳамсоя кор мекард.

XS
SM
MD
LG