Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон гуфт, ки вокуниши Русия “ноумедкунанда аст”


Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико
Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико

Рекс Тиллерсон – котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико – гуфтааст, ки аз вокуниши Русия дар мавриди ҳамлаи мушакии Иёлоти Муттаҳида ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия ноумед шудааст. Маскав ҳамлаи мушакии рӯзи 7 апрели Амрико ба пойгоҳи ҳавоии нирӯҳои Сурияро “амали таҷовузгарона” ва нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ номид. Кремлин гуфт, ин иқдом хатти иртибот бо артиши Амрико дар Сурияро мутаваққиф ва барои пурзӯр кардани мудофеаи ҳавоии ин кишвар дар баробари ҳамлаҳои баъдӣ кумак мекунад.

Вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, “аз ин посухи Русия ноумедам. Зеро ин нишондиҳандаи идомаи кумаки онҳо ба режим аст, ки нисбат ба мардуми худ ҳамлаҳои даҳшатбор мекунад.” Қарор аст, Рекс Тиллерсон ҳафтаи оянда бо як сафари расмӣ озими Маскав бишавад. “Ман инро хеле ноумедкунанда дарёфтам, аммо муттаасифона ба Шумо мегӯям, ки ин ҳама тааҷҷубовар нест”, - афзуд ӯ.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, мақсад аз ин ҳамла муҷозоти Сурия ба хотири истифода аз маводи кимиёвӣ алайҳи шаҳрвандон дар ҳафтаи ахир аст. Вазорати дифои Амрико гуфтаст пойгоҳи ҳавоии Шайрат, ки қисман тахриб шудааст, аз сӯи нирӯҳои ҳавоии Сурия барои роҳандозии ҳамлаи кимиёии рӯзи 4 апрел ба шаҳри Хон Шайхун истифода мешуд. Дар ин ҳамла ҳадди ақалл 86 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG