Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Лё Пен ба озод кардани Русия аз таҳримҳо


Марин Лё Пенро раиси Кумитаи умури хориҷии Дума Леонидл Слутский пешвоз гирифт
Марин Лё Пенро раиси Кумитаи умури хориҷии Дума Леонидл Слутский пешвоз гирифт

Номзади президентии Фаронса Марин Лё Пен гуфт, ки барои аз таҳрим озод шудани Русия ва бекор шудани феҳристи ба истилоҳ “сиёҳи мақомдорон” талош ба харҷ медиҳад. Дар ин бора сиёсатмадори ҷӯёи курсии президентӣ дар Фаронса рӯзи 24 март дар Маскав, дар ҷараёни мулоқоташ бо раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин изҳори назар кардааст. Лё Пен гуфт, Русияву Фаронса бояд дар амри мубориза бо терроризм басиҷ шаванд. “Ду кишвар бояд муттаҳид шуда ба терроризм муқовимат кунанд”, гуфт ӯ.

Дар бораи сафари сиёсатмадори ростгаро ва моҷароҷӯ ба Русия рӯзи 23 март маълум шуд. Гуфта шуд, ки ӯ бо ҳадафи баррасии масоили мубориза бо терроризм ба Маскав меравад. Ин сафар як моҳ пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса баргузор мешавад ва яке аз номзадҳои калидии он - хонум Лё Пен аст. Ӯро як ҳавохоҳи сиёсати Владимир Путин меноманд, чун ҳамеша ба зарурати ҳамкориҳои наздики Маскаву Париж даъват кардааст. Вале равобити миёни ӯву Русия баъди он бештар ҷалби таваҷҷӯҳ кард, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар соли 2014 ҳизби “Ҷабҳаи миллӣ”-и Лё Пен аз як бонки Русия дар ҳаҷми 9.7 миллион доллар қарз дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG